Имрӯз дар Хуҷанд Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» бо иштироки 400 нафар меҳмонон оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 17 ва 18 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» баргузор мегардад, ки дар он наздик ба 400 нафар меҳмонон иштирок мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ҳадаф аз баргузории Ярмаркаи савдо, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад, таҳкими муносибатҳои дарозмуддати тиҷоратӣ ва шарикии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ, сармоягузорон ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ тавассути фароҳам овардани замина барои намоиши иқтидори маҳсулот, ҳамкорӣ, имконият ва таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои хориҷӣ, инчунин бастани шартномаҳо барои содироти маҳсулот мебошад.
Дар доираи ин ярмаркаи сатҳи минтақавӣ ҳамзамон гузаронидани Форум таҳти унвони «Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо» ба нақша гирифта шудааст, ки дар он ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.
Дар назар аст, ки дар Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» ва форуми тиҷоратӣ илова бар соҳибкорони вилояти Суғд, наздики 400 нафар намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон аз вилоятҳои Халтон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон ва ширкатҳои сайёҳӣ аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия, Чин, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон, Хоразм, Сирдарёи Ҷумҳурии Узбекистон, вилоятҳои Минску Могилёви Ҷумҳурии Белорус, Қазоқистон иштирок намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Абебе Адугна ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд
Самтҳои афзалиятноки татбиқи марҳилаи нави Барномаи БОМКА-11 баррасӣ шуданд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ тақвият меёбад
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ расид






