МУБОРАК БОД! Мирганд Шаҳбозов барандаи ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» шуд

Июнь 6, 2022 11:18

ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» («Звезды Содружества») барандагони ҷоизаи асосии башардӯстона ИДМ барои соли 2021-ро эълон кард. Дар миёни ҷоизадорони нав академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирганд Шаҳбозов низ ҳаст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки ин ҷоиза ҳамасола ба намояндагони давлатҳои Иттиҳод барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи фаъолияти башардӯстона, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқанд ва дар рушди ҳар як кишвари узви ИДМ ва дар маҷмӯъ дар Иттиҳод саҳм гузоштаанд, дода мешавад. Маблағи ҷоиза 2 миллион рубл (32 276 доллар) мебошад.

Имсол барои дарёфти ҷоизаи олӣ 12 нафар аз 8 кишвар номзад буданд. Бо қарори доварон, ки ба ҳайати он ходимони барҷастаи фарҳангу маориф аз тамоми кишварҳои ИДМ шомил буданд, ҷоизаҳо ба ҳашт довталаб дода шуданд.

АЛИЕВ Нотик Камол оғлу (Озарбойҷон) — ҳайкалтарош, рассоми халқии Озарбойҷон.

ХАЧИЯН Эдуард Ефремович (Арманистон) — геолог, мудири кафедраи механикаи сохтмонии Донишгоҳи миллии меъморӣ ва сохтмон.

КИЛИН Сергей Яковлевич (Беларус) — физик, муовини Раиси Президиуми Академияи илмҳо.

РУСТАМБЕКОВ Серик Исаевич (Қазоқистон) — меъмор, директори фирмаи лоиҳакашии «ORTA», раиси Иттифоқи меъморони шаҳри Нурсултон.

МАМИТОВ Миталип (Қирғизистон) — нейроҷарроҳ, мудири кафедраи Академияи давлатии тиббӣ.

ТЕМИРКАНОВ Юрий Хатуевич (Русия) — дирижёр, рохбари бадеии Филармонияи академии Санкт-Петербург.

ШАҲБОЗОВ Мирганд (Тоҷикистон) — риёзидон, академики Академияи миллии илмҳо.

УСМОНОВ Рамиз Бекназарович (Узбекистан) — директори Театри давлатии академии калони Узбекистон.

Маросими ботантанаи супурдани ҷоизаҳо моҳи декабри соли 2022 дар Тошканд дар доираи Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмӣ баргузор мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 6, 2022 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд