ҶОМИ КФО-2022. Имрӯз КМВА-и Душанбе бо дастаи «Суғдиёна»-и Узбекистон бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 27.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 июн дар минтақаи марказӣ даври бозиҳои дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин давр, дар гурӯҳи «Е» дастаи КМВА–и Душанбе бо бозингарони «Суғдиёна» -и Узбекистон қувваозмоӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 дар чоргонаи «Е», барандаи медали биринҷии мусобиқоти Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ КМВА-и Душанбе бо қаҳрамони Туркманистон «Алтин Асир»-и Ашқобод (1:1) мусовӣ кард.
Ҳарду голро дар ин бозӣ футболбозони дастаи КМВА ба нишон расониданд. Дар дақиқаи 85-ум ҳамлагари КВМА Элчибек Рашидбеков тўбро ба дарвозаи худаш зад. Абдулло Шарифов дар дақиқаи 90+3 ҳисобро мусовӣ кард.
Дар бозии дигари гурӯҳи «Е», ноиб-чемпиони Узбекистон, «Суғдиёна»-и Ҷиззах барандаи Ҷоми Қирғизистонро дар мавсими гузашта бар тими «Нефтчӣ»-и қӯчқор-аторо бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.
Дар гурӯҳи «Е» барои роҳхати ягонаи даври баъдӣ бо барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон КМВА-и Душанбе бошгоҳҳои «Суғдиёна» (Узбекистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) мубориза мебарад. Ҳамаи бозиҳо дар ин чаҳоргона дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Ҷоми КФО- 2022
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «Е»
Иштирокчиён: «Суғдиёна» (Узбекистон), КМВА (ТОҶИКИСТОН), «Алтин Асир» (Туркманистон), «Нефтчӣ» (Қирғизистон).
Даври 1
24 июн (ҷумъа)
19:00 – «Суғдиёна» (Узбекистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон) — 2:0
22:00 – «Алтин Асир» (Туркманистон) – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – 1:1
Даври 2
27 июн (душанбе)
19:00 – «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
22:00 – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Суғдиён» (Узбекистон)
Даври 3
30 июн (панҷшанбе)
19:00 – «Суғдиёна» (Узбекистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
22:00 – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон).
Акс: ФФТ








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






