РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар ҳошияи Конфронси дуюми сатҳи баланд марафони дав баргузор шуд

Июнь 4, 2022 14:30

ДУШАНБЕ, 04.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 июн дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (6-9 июн), инчунин дар доираи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи байналмилалии олимпӣ (23 июн) марафони дав баргузор шуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии  Тоҷикистон хабар медиҳад.

Марафон дар масофаи 42,2 километр бо иштироки шаҳрванди Австралия Мина Гулӣ аз истироҳатгоҳи “Сароб”-и ноҳияи Варзоб оғоз гардида, дар Наврӯзгоҳи пойтахт анҷом ёфт. Дар масофаи рамзии 6 километри марафон, аз кӯчаи Саид Носиров, 27 то Наврӯзгоҳ, ноибони Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, Дилшод Назаров, котиби генералии КМОТ Абдуллозода Муҳаммадшо, директори генералии КМОТ Мавзуна Чориева, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сокинони шаҳри Душанбе, намояндагони касбу кори гуногун ва шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, иштирок карданд.

Мина Гулӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан роҳбари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббусҳои глобалӣ дар самти проблемаҳои об ва ба ҳамаи иштирокчиёни марафони дав изҳори ташаккур кард. Ӯ иброз намуд, ки дар доираи марафони ҷаҳонии об, ки 22 март оғоз гардид, дар Тоҷикистон бо баргузории беш аз 9 марафон қад-қади дарёҳои Зарафшон, Аму, Панҷ, Ванҷ ва инак Варзобро тай кардааст. Марафони ҷаҳонии дав то моҳи марти соли 2023, қабл аз Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар Ню-Йорк, дар дигар минтақаҳои ҷаҳон идома меёбад.

Ба Мина Гулӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Ҳамчунин дар доираи Конфронси оби Душанбе 9 июн Марафони дуюм дар самти Душанбе — Ваҳдат (минтақаи Ромит) ба масофаи 42,2 км баргузор хоҳад шуд.

Натиҷаи марафонҳо дар Конфронси дуюми Душанбе ва инчунин Конфронси СММ оид ба захираҳои об моҳи марти соли 2023 муаррифӣ мегардад.

Тавре хабар дода будем, марафони ҷаҳонии об “RUN BLUE” 22 март дар Рӯзи байналмилалии об дар Австралия оғоз ёфт. “RUN BLUE” 200 марафонро дар саросари ҷаҳон дар бар мегирад, ки беш аз 200 миллион нафарро ҷалб мекунад ва 22 марти соли 2023 қабл аз Конфронси СММ дар Ню-Йорк ба охир мерасад.

Ҳадаф аз баргузории марафонҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи рӯзафзуни об, саъю кӯшиш барои ноил шудан ба тағйироти воқеӣ дар замин ва пешбурди Даҳсолаи байналмилалии амал ва Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2023 мебошад.

Марафонҳо аз ҷониби фаъол ва даванди Австралия Мино Гулӣ созмон дода шуда, аз ҷониби бисёр шарикон, аз ҷумла ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Нидерланд ҳамчун ҳамраиси конфронс дастгирӣ мешавад. Бахши Осиёи Марказии “RUN BLUE” 10 май дар шаҳри Мӯйноқи Ҷумҳурии Узбекистон оғоз шуда, 10 июн дар Душанбе – пойтахти Тоҷикистон ба охир мерасад. Дар Тоҷикистон 11 марафон ба дарозии 458,2 километр дар соҳили дарёи Омӯ ва шохобҳои он доир мегардад.

Аз ҷумла, Мино Гулӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш 16 май дар самти Панҷакент – Айнӣ – Душанбе (42,2 километр), 18 май дар масири Шаҳритус — Носири Хисрав (42,2 километр), 20-уми май дар масири Фархор-Ҳамадонӣ (42,2 километр), 22 май дар масири ноҳияи Шамсиддин Шоҳин – Зиғар (42,2 километр), 24 май дар масири деҳаи Зиғар – маркази ноҳияи Дарвоз (42,2км), 26 май дар ноҳияи Ванҷ, қад-қади дарёи Ванҷ (42,2км), 27 май дар самти Ванҷ – Рӯшон (42,2км) ва 30 май дар самти Душанбе-Лахш (42,2) анҷом дод.


Пайрав ҚОСИМ

АМИТ «Ховар»

АКС: КМО Тоҷикистон/Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ

Июнь 4, 2022 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ мебинад
НАТИҶАҲОИ СОЛИ 2025: Дастаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳонии «ACBJJ-2025» 40 медал ба даст овард
Беҳтарин варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 муайян карда шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2025-ро дар раддабандии ФИФА бо мақоми 101-ум ҷамъбаст кард
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Ғолибони он дар шаҳри Душанбе муайян гардиданд
Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд
Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид