Дар Душанбе дурнамои ҳамкории байнибонкии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид

Июль 29, 2022 10:21

ДУШАНБЕ, 29.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории иқтисодиву бонкӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон дар меҳвари мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аики қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла бо кишвари Ҷопон сол аз сол тақвият меёбанд.

Ҳоким Холиқзода назаррас арзёбӣ гардидани саҳми Ҷопонро дар рушди иқтидори кадрии мамлакат, бахусус Бонки миллии Тоҷикистон махсусан таъкид намуда, гуфт, ки дар доираи лоиҳаи пешниҳоди идрорпулӣ барои омода сохтани мутахассисон аз соли 2011 то ҳол 16 мутахассиси Бонки миллии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои олии Осиё ва Уқёнуси Ором ба таълими дусола фаро гирифта шуда, 11 нафари онҳо омӯзишро муваффақона ба анҷом расониданд, ки феълан дар рушди низоми бонкии Тоҷикистон саҳм мегузоранд.


Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тосихиро Аики ба таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои барои Тоҷикистон афзалиятнок, бахусус низоми бонкӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, омодагии хешро ҷиҳати мусоидат дар таҳкими самтҳои муҳими ҳамкорӣ баён намуд.

Ҳоким Холиқзода оғози раванди ҳамкориро ҷиҳати сармоягузорӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон аз сӯи Ҷопон истиқбол намуда, тавсеаи ҳамкориро бо истифода аз имконоти молиявӣ ба низоми бонкӣ муҳим маънидод намуд. Вай ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши муносибатҳои низоми бонкии Тоҷикистон бо бонкҳои Ҷопон, бахусус омӯзиши таҷрибаи ташкилоти молиявии Ҷопон, барпо намудани муносибатҳои муросилотӣ, табодули таҷриба миёни сохторҳои алоқаманди бонкҳои марказӣ дар бахши сиёсати пулию қарзӣ, устувории молиявӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, рушди бозори суғурта, назорати бонкӣ ва низоми пардохт изҳор дошт.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 29, 2022 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст