ДУШАНБЕ БАЪД АЗ 20 СОЛ. Таҳияи нақшаи генералии 64 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пурра ба анҷом расидааст

Июль 27, 2022 15:48

ДУШАНБЕ, 27.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд.

Тавре Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода 21 июл зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои матбуотӣ гуфт, «таъмини шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад».

Зикр шуд, ки лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара баъд аз таҳия ва мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Инчунин тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳрҳои Норак, Леваканд ва ноҳияҳои Вахш, Балҷувон аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» пурра ба анҷом расида, алҳол дар мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳои марбута қарор дорад.

Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба лоиҳаҳои муфассали банақшагирии тасҳеҳталаб ва муҳлати амалашон ба охиррасида тадбирҳои дахлдор меандешад.

Дар ин робита аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар» давоми солҳои 2020 ва 2021 лоиҳаҳои муфассали банақшагирии шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, марказҳои навоҳии Ишкошим, Балҷувон, Вахш, Дӯстӣ, Ховалинг, Ёвон, шаҳрҳои Норак ва Леваканд, қисми марказии шаҳри Хоруғ таҳия гардида, пас аз баррасӣ дар Шӯрои шаҳрсозии Кумита барои баррасии минбаъда ва тасдиқ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мазкур супорида шудаанд.


Нақшаи генералӣ ҳуҷҷати расмӣ, нақшаи перспективӣ ва илман асоснокардашудаи рушди минбаъдаи шаҳр (ноҳия ва дигар ҳудуди аҳолинишин) мебошад. Тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурири Тоҷикистон тасдиқ шудааст, то соли 2040 қаламрави пойтахти мамлакат дар чор самт тавсеа ёфта, ҳудуди он то соли 2025 аз 12,7 ҳазор гектар то 18 ҳазор гектар ва то соли 2040 ба 30 ҳазор гектар расонида мешавад. Дар ин муддат дар Душанбе даҳҳо биноҳои маъмурию истиқоматӣ, марказҳои тиҷортаию фароғатӣ ва гипермаркетҳо, марказҳои замонавии фурӯши маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, қасри фарҳанг, театрҳо, мактабу шифохонаҳо, майдонҳои варзишӣ, тандурустӣ, боғчаҳои кӯдакон ва ғайра бо тарҳи меъмории муосир ва миллӣ қомат хоҳанд афрохт.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 27, 2022 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаҳои саноатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино 7 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешавад
«НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ – МЕҲВАРИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГИЮ САЙЁҲӢ». Таҳти ин унвон 20 март дар пойтахти Тоҷикистон Форуми IV байналмилалӣ баргузор мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни духтарон доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Роҳи автомобилгарди маҳаллаҳои Чимтеппа, Дарёобод ва Сарикиштии ноҳияи Фирдавсӣ пурра таъмир гардид
Оид ба рушди бонизоми зеҳни сунъӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Олимпиадаи V даставии хонандагони муассисаҳои шаҳри Душанбе аз фанни технология баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мешавад
Доир ба татбиқи «Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2025» ҷаласа баргузор шуд
МАРОМНОМАИ СОКИНИ ПОЙТАХТ. Муҳаббатамонро ба шаҳри Душанбе — муаррифи таъриху фарҳанги миллат бо рафтори намунавӣ собит намоем
«САЙРИ САДА». Дар Душанбе таҳти ин унвон барои иштирокдорон ва меҳмонони хориҷӣ хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардид
«БАРНОМАИ МИЛЛӢ ОИД БА БАРҲАМДИҲИИ ШАКЛҲОИ БАДТАРИНИ МЕҲНАТИ КӮДАКОН». Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба амалишавии он дар пойтахт ба тавсиб расид