ТОҶИКИСТОН БА ИДОРАКУНИИ ҲАВЗАВИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ МЕГУЗАРАД. Дар ин бора имрӯз Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ Холмурод Раҳмон хабар дод

Июль 25, 2022 12:28

ДУШАНБЕ, 25.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» ба системаи идоракунии ҳавзавии захираҳои об мегузарад. Барои амалӣ гардидани ин иқдом дар Тоҷикистон 5 минтақаи ҳавзавӣ ва зиёда аз 18 зерминтақаи ҳавзавӣ таъсис дода шудаанд.

Дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотии ин ниҳод Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон ба хабарнигорон маълумот дод.

Ба гуфти мавсуф, барои амалӣ намудани идоракунии ҳавзавии захираҳои обӣ, ҳавзаҳои дарёӣ ва иншооти обии зеризаминии ба онҳо алоқаманд чунин минтақаҳои ҳавзавӣ ташкил карда мешаванд: минтақаи ҳавзавии Сирдарё, минтақаи ҳавзавии дарёи Зарафшон, минтақаи ҳавзавии дарёи Панҷ, минтақаи ҳавзавии дарёи Вахш ва минтақаи ҳавзавии дарёи Кофарниҳон.

Дар ин самт дар Агентӣ аллакай қадамҳои нахустин гузошта шуданд: дар идораҳои давлатии  Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус ва Қубодиён зерминтақаи ҳавзавии поёноби дарёи Кофарниҳон ташкил карда шуд. Дар вилояти Суғд минтақаи ҳавзавии дарёи Зарафшон ва идораи ҳавзавӣ таъсис дода шуда, дар он идораи давлатии Панҷакент ва Айнӣ якҷоя карда шуданд. Инчунин суратҳисоби онҳо бо усули биллингӣ фаъол шуда, пардохти ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад.

«Ин таҷриба давра ба давра дар тамоми мамлакат амалӣ мегардад», — илова намуд Холмурод Раҳмон.

Дар ҷараёни нишаст зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли равон дар доираи Барномаи «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» ба маблағи 6,8 млн сомонӣ корҳои мелиоративӣ ба анҷом расонида шуда, ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 6227 гектар заминҳо беҳтар карда шудааст.

Бо мақсади бо оби полезӣ таъмин намудани обистифодабарандагон дар мавсими имсола  аз ҷониби Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо бо 62540 нафар истифодабарандагони об (нисбат ба соли гузашта 2447 нафар зиёд), аз ҷумла 346  Ассосиатсияи истифодабарандагони об дар майдони 548 561 гектар (нисбат ба соли гузашта 3027 гектар зиёд) шартномаи доду гирифти об ба имзо расонида шудааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2022 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи харидории ҳавопаймоҳои «COMAC» ва парвозҳои нав ба шаҳрҳои Чин муҳокима гардид
26 ЯНВАР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭНЕРГИЯИ ТОЗА. Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи тоза аст
Масъалаи ҷалби сармояи Индонезия ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуд
РУШДИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Портали khizmat.ehukumat.tj ба шаҳрвандон 60 номгӯй хизматрасонӣ пешниҳод менамояд
Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардид
Соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид