ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Варзишгарони тоҷик Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд

Август 6, 2022 11:25

ДУШАНБЕ, 06.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо миёни калонсолон дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон паҳлавонони тоҷик Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг мутаносибан медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Шодмон Ризоев дар даври финалии мусобиқа бо паҳлавони ҷопонӣ Такеши Сасаки рақобат карда, бо имтиёзи иппон мағлуб шуд ва соҳиби медали нуқра гардид.

Дар роҳ ба ба даври финалӣ Шодмон Ризоев Чуанг Шанг Чин аз Тайпеи Чин, Владамир Золоев ва Асад Масабиров аз Қирғизистонро мағлуб кард.

Варзишгари дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков барои ба даст овардани медали биринҷӣ дзюдочии қирғиз Асад Масабировро шикаст дод.

Ӯ то ба расидан ба ин марҳила дар даври 1/8 финалӣ бар паҳлавони узбек Рамазон Аллабердиев дастболо шуда, дар даври 1/4 финалӣ аз дзюдочии ҷопонӣ Такеши Сасаки ноком гардид ва ба даври тасаллобахш роҳ ёфт. Сомон Маҳмадбеков дар даври тасаллобахш бар варзишгари Муғулистон Эрденбайар Батзайаро бо имтиёзи иппон пирӯз шуда, барои ба даст овардани медали биринҷӣ бо дзюдочии қирғиз Асад Масабиров рӯи татамӣ қувваозмоӣ карда, ғолиб омад.

Бояд тазаккур дод, ки нахустин қувваозмоии Сомон Маҳмадбеков зери вазни -81 кг аст. Аз ин пештар ӯ зери вазни -73 кг ҳунарнамоӣ мекард.

Паҳлавони дигари тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода мутаассифона медал ба даст оварда натавонист ва миёни 16 дзюдочии вазни -73 кг ҷойи 5-умро ишғол кард.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали рақобатҳо Шаҳбоз Саидаброров мағлуб ва Муҳаммад Маҳмадизода бинобар доштани вазни изофӣ иштирок карда натавонист.

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон нуҳ нафар паҳлавонон намояндагӣ мекунанд.

Дар Чемпионат 182 нафар варзишгарон аз 19 кишвари Осиё иштирок доранд.

АКС: «ТВ Варзиш»

Август 6, 2022 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд