Дар Маркази миллии патенту иттилоот бахшида ба Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон, ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи август таҷлил мешавад, имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони муассиса ва ихтироъкорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот».
Дар ҳамоиш Директори МД «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо Мирзо Исмоилзода зикр намуд, ки моликияти зеҳнӣ яке аз сарватҳои пурарзиштарини мамлакат ва пояи муҳимтарини иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, Ҳукумати мамлакат зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он диққати махсус медиҳад.
Бо шарофати имконияти фароҳамовардаи Истиқлолияти давлатӣ ва андешидани тадбирҳои судманд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон майлу рағбати ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва ихтироъкорию навоварӣ сол аз сол зиёд гардида истодааст. Зеро, бо назардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд, яъне давраи саноатикунонии босуръати мамлакат талабот ва таваҷҷуҳ ба соҳаҳои илм, маориф, инноватсия, ихтироъкорӣ, махсусан ба татбиқи ихтироот дар истеҳсолот рӯз ба рӯз афзоиш меёбад.
«Имрӯзҳо Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ихтироъкорон ва беҳтар намудани сифати экспертизаи ихтироот бо ҷалби коршиносони мустақил аз тамоми воситаҳои имконпазир истифода мебарад. Бахусус, мунтазам озмуни ихтироъкори беҳтарин барои давраҳои муайян гузаронида шуда, дар доираи он ҳамасола шумораи зиёди ихтироъкорон барои дастовардҳои назаррасашон бо медали ташкилоти минтақавию байналмилалӣ, нишонҳои муассиса ва мукофотҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Иштироки ҷавонони навовар ва ихтироъкорон дар озмунҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани шавқу рағбати онҳо ба фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ мусоидат менамояд»,- гуфт Мирзо Исмоилзода.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба ихтироъкорон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
АКС: МД «Маркази миллии патенту иттилоот»








Тоҷикистон ният дорад то соли 2035 партовҳои газҳои гулхонаиро то 40 фоиз коҳиш диҳад
Рӯзи Президенти Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими тақвими сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ ба шумор меравад
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон арҷ мегузоранд
АЗ СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБИ ТОЗА ТО РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР, ҲИФЗШУДА ВА БОЭЪТИМОД. Андешаҳо дар ин маврид
Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид






