Дар Маркази миллии патенту иттилоот бахшида ба Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон ҳамоиш доир шуд

Август 19, 2022 14:26

ДУШАНБЕ, 19.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон, ки  ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи август таҷлил мешавад, имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони муассиса ва ихтироъкорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар  Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот».

Дар ҳамоиш Директори МД «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо Мирзо Исмоилзода зикр намуд, ки моликияти зеҳнӣ яке аз сарватҳои пурарзиштарини мамлакат ва пояи муҳимтарини иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, Ҳукумати мамлакат зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он диққати махсус медиҳад.

Бо шарофати имконияти фароҳамовардаи Истиқлолияти давлатӣ ва андешидани тадбирҳои судманд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон майлу рағбати ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва ихтироъкорию навоварӣ сол аз сол зиёд гардида истодааст. Зеро, бо назардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд, яъне давраи саноатикунонии босуръати мамлакат талабот ва таваҷҷуҳ ба соҳаҳои илм, маориф, инноватсия, ихтироъкорӣ, махсусан ба татбиқи ихтироот дар истеҳсолот рӯз ба рӯз афзоиш меёбад.

«Имрӯзҳо Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ихтироъкорон ва беҳтар намудани сифати экспертизаи ихтироот бо ҷалби коршиносони мустақил аз тамоми воситаҳои имконпазир истифода мебарад. Бахусус, мунтазам озмуни ихтироъкори беҳтарин барои давраҳои муайян гузаронида шуда, дар доираи он ҳамасола шумораи зиёди ихтироъкорон барои дастовардҳои назаррасашон бо медали ташкилоти минтақавию байналмилалӣ, нишонҳои муассиса ва мукофотҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Иштироки ҷавонони навовар ва ихтироъкорон дар озмунҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани шавқу рағбати онҳо ба фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ мусоидат менамояд»,- гуфт  Мирзо Исмоилзода.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба ихтироъкорон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

АКС: МД «Маркази миллии патенту иттилоот»

Август 19, 2022 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуршед Мирзо ташаббусҳои Тоҷикистонро дар самти зеҳни сунъӣ дар ҷаласаи вазирони СҲШ муаррифӣ намуд
Дар Тоҷикистон намояндагии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ифтитоҳ меёбад
Дар ноҳияи Рашт дар 1650 гектар замин картошка кишт карда мешавад
Дар Суғд Форуми байналмилалии «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ» баргузор мегардад
Деҳқонони хоҷагии «Ёрмуҳаммад»-и ноҳияи Кӯшониён бозори дохилиро бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин менамоянд
РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 16 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ ҳамоиш доир шуд
Дар доираи RES-2026 ҳамкории иқлимии кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият меёбад
Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Мински Беларус ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Дар АМИТ «Ховар» доир ба масъалаи муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон беш аз ҳазор гармхонаи доимамалкунанда фаъолият менамоянд
Дар ноҳияи Айнӣ майдони кишти картошка зиёд карда мешавад