ДЗЮДО. Ҳафт нафар паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон дар Эквадор ширкат меварзанд
ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 13 август дар шаҳри Гуаякили кишвари Эквадор Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни ҷавонон (Guayaquil World Championships Juniors 2022) баргузор мешавад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар додааст.
Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни ҷавонон 7 нафар варзишгар: Абубакр Шеров бо Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни то 66кг, Масъуди Аҳмадзод дар вазни то 73кг, Сунатулло Лоиқов бо Муҳаммадҷон Абдуҷалилов дар вазни то 81кг, Эмомризо Анварзода дар вазни то 100кг ва Мансур Раҳмон дар вазни +100кг намояндагӣ мекунанд.
Барои мақоми аввал 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Барои ҷойи аввал 2000 доллар, барои ҷойи дуюм — 1200 ва барои ҷойҳои сеюм 680 доллар тақдим мешавад.
Барномаи баргузорӣ:
9 август | сешанбе
Қуръакашӣ
Оғоз: 23:55*
Рӯзи 1
10 август | чоршанбе
Маҳилаи муқаддамотӣ: 20:00
11 август | панҷшанбе
Марҳилаи ниҳоӣ: 02:00
Занон: -48 kg, -52 kg;
Мардон: -60 kg, -66 kg;
Рӯзи 2
11 август | панҷшанбе
Марҳилаи муқаддамотӣ: 20:00
12 август | Ҷумъа
Марҳилаи ниҳоӣ: 02:00
Занон: -57 kg, -63 kg;
Мардон: -73 kg;
Рӯзи 3
12 август | ҷумъа
Марҳилаи муқаддамотӣ: 20:00
13 август | шанбе
Марҳилаи ниҳоӣ: 02:00
Занон: -70 kg;
Мардон: -81 kg, -90 kg;
Рӯзи 4
13 август | шанбе
Марҳилаи муқаддамотӣ: 20:00
14 август | якшанбе
Марҳилаи ниҳоӣ: 02:00
Занон: -78 kg, +78 kg;
Мардон: -100 kg, +100 kg;
*Вақти Душанбе
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF), дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни ҷавонон 392 варзишгар аз 65 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд






