Форуми занони СҲШ аз Самарқанд ба Тошканд кӯчонида шуд

Август 12, 2022 11:25

ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Форуми занони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро дирӯз ба дигар ҷой гузарониданд: он 19 август дар Тошканд баргузор мешавад. Охири моҳи июл хабар дода буданд, ки дар назар аст форум 18-19 август дар Самарқанд гузаронида шавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Сенати Узбекистон.

«19 августи соли 2022 дар шаҳри Тошканд боз як чорабинии бонуфуз — Форуми навбатии чоруми занони Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад», — хабар доданд дар маркази матбуот.

Ҳамоиш бо ҳадафи рушди минбаъдаи ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар самтҳои муҳимтарини ҳадафҳои рушди устувор ва табодули таҷриба дар бахши таъмини баробарии гендерӣ, тавсеаи ҳуқуқ ва имконияти занон дар фазои созмон баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки форуми қаблӣ-сеюми занони кишварҳои узви СҲШ дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай 10 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Форуми нахустини занон таҳти шиори «Ҳамоҳангсозии неруҳои занон барои мусоидат ба рушди муштарак» аз 15 то 17 майи соли 2018 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин гузашта буд. 15-16 майи соли 2019 дар шаҳри Бишкек Форуми дуюми занони кишварҳои узви СҲШ баргузор гардид.

СҲШ — созмони байналмилалиест, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Дар он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон ширкат мекунанд.

Давлатҳои нозир – Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон, кишварҳои шарик – Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.

Дар нишасти сарони СҲШ дар Душанбе моҳи сентябри соли 2021 тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шуд.

Соли равон Беларус расман дархости шомил шудан ба СҲШ-ро ҳамчун узви комилҳуқуқ пешниҳод намуд.

Айни замон Узбекистон раёсати ин созмонро бар уҳда дорад.

АКС: Нахустин Форуми занони СҲШ дар Пекин дар соли 2018

Август 12, 2022 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Низоми бераводид байни Тоҷикистон ва Молдова нигоҳ дошта мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Ассамблеяи парлумонии Осиё мулоқот намуд
Сафорати Тоҷикистон дарҳояшро барои хонандагони Москва боз намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод нишасти матбуотӣ оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии об баргузор гардид
Ҳолати кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Таиланд баррасӣ гардид
Масоили тавсеа ва рушди муносибатҳои мутақобили судманд байни Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Шараф Шерализода дар Барселона бо намояндагони ниҳодҳои Испания мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба нақлиёт ва коммуникатсия мулоқот намуд
Дар Шуша ҷаласаи 7-уми вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба сайёҳӣ баргузор гардид
Зарурати тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва иёлоти Ютаи Амрико таъкид шуд