«ҶОМИ ПОЙТАХТ». Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ олимпиадаи даставӣ баргузор мегардад

Август 11, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 21 августи соли 2022 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчурӯд»-и ноҳияи Шоҳмансур лагери омӯзишиву истироҳатии хонандагони болаёқат ва Олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт» баргузор мегардад.

Олимпиадаи мазкур бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 баргузор мегардад.

Баргузории олимпиадаи мазкур имкон медиҳад, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷалб гардида, бо ин роҳ истеъдодҳои нав  дарёфт ва муаррифӣ гарданд.

Инчунин озмун ба касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисосҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз ҷониби Пешвои миллат солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 11, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Антверпен робитаҳои фарогир таҳким меёбанд
Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст