Раиси «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо кормандони марказҳои хизматрасонии бонкии Бадахшон мулоқот намуд

Август 10, 2022 10:32

ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии бонкӣ ва ба ин васила қонеъ намудани талаботи мизоҷон ба хизматрасонии босифат тамоми кормандонро зарур аст, ки бо дасти пок ва нияти нек фаъолият намоянд. Чунин зикр намуд Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ дар мулоқот бо роҳбарони филиалҳо, мутахассисон, кормандони марказҳои хизматрасонии бонкии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд, дар мулоқот масъулини идораи танзим ва назорати марказҳои хизматрасонии бонкӣ доир ба фаъолияти марказҳои хизматрасонии бонкии БДА «Амонатбонк» дар соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо таҳлилу пешниҳодҳои мушаххас гузориш доданд.

Зикр шуд, ки дар ВМКБ 9 филиал бо 40 маркази хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла 1 адад хазинаи бегоҳирӯзӣ ба аҳолии шаҳри Хоруғ хизмати гуногуни бонкӣ мерасонанд. Дар марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ амалиёти гуногуни бонкӣ, аз қабили интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ бидуни кушодани суратҳисоб, амалиёти хазинавӣ, қабули маблағҳои коммуналӣ, маблағҳои телефони мобилӣ, пур намудани ҳамёни электронӣ, андозҳо, ҷаримаҳо, пардохти маблағҳои нафақа ва кумакпулиҳо, хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳама гуна амалиёти бонкӣ ва дигар намуди пардохтҳо аз аҳолӣ гузаронида мешаванд.

Дар анҷоми мулоқот марказҳои хизматрасонии бонкии №627-и филиали №74-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Шуғнон ва маркази хизматрасонии бонкии №619-и филиали №72-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Ишкошим барои гузоштани саҳми босазо дар рушди фаъолияти соҳа ва тақвияти мавқеи бонк дар низоми бонкии кишвар бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Август 10, 2022 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид