«РОҒУН- АРСАИ МАРДОНАГӢ». Таҳти чунин унвон барои журналистон ва публитсистон озмуни эҷодӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 21.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат эълони гардидани солҳои 2022-2026 Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барои журналистон ва публитсистон таҳти унвони «Роғун — арсаи мардонагӣ» озмуни эҷодӣ эълон менамояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Озмуни мазкур аз 1 январ то 31 октябр давоми солҳои 2022-2026 гузаронида мешавад. Ба озмун маводе, ки аз 2 январ то 31 октябр дар воситаҳои ахбори оммаи чопӣ, сомонаҳои хабарӣ табъу нашр гардидаанд ва дар телевизиону радио пахш шудаанд, пешниҳод мешаванд.
Озмуни мазкур бо мақсади таблиғу ташвиқи ҳамаҷонибаи саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ба истифода додани ду агрегати аввалини неругоҳи “Роғун” ва идомаи сохтмони ин иншооти бузурги аср, тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва истеҳсолкунандаи «энергияи сабз», эҷоди асарҳои баландмазмуни публитсистӣ ва журналистӣ дар бораи қаҳрамонони заҳмати созандаву ватандӯстона, яъне бунёдкорони иншооти бузурги аср – неругоҳи “Роғун”, расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикии кишвар ва инкишофи инфрасохтори муосири саноатии ҷумҳурӣ, татбиқи ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- саноатикунонии миллӣ доир мегардад.
Озмун аз рӯи номинаҳои зерин гузаронида мешавад:
— мақола дар нашрияҳои чопӣ – 1 ҷойи якум – 8000 сомонӣ, 2 ҷойи дуюм – 5000 сомонӣ ва 2 ҷойи сеюм- 2500 сомонӣ
— мавод дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ – 1 ҷойи якум- 15000 сомонӣ, 2 ҷойи дуюм- 10000 сомонӣ ва 2 ҷойи сеюм – 7000 сомонӣ
— маводи телевизионӣ — 1 ҷойи якум – 20000 сомонӣ, 2 ҷойи дуюм- 15000 сомонӣ ва 2 ҷойи сеюм – 10000 сомонӣ
— маводи радиоӣ – 1 ҷойи якум- 10000 сомонӣ, 2 ҷойи дуюм- 5000 сомонӣ ва 2 ҷойи сеюм- 3000 сомонӣ
Маводи ба озмун пешниҳодшаванда бояд дар сатҳи баланди касбӣ омода шуда, ба муҳтавои озмун ҷавобгӯ бошанд ва набзи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва заҳмати коргарону мутахассисони тоҷикро ҳаматарафа инъикос намоянд. Мавод дар дилхоҳ жанри журналистӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод шуда метавонад.
Довталабон метавонанд маводи худро ба нишонии шаҳри Душанбе, кўчаи С. Шерозӣ, 16, ошёнаи якум ирсол намоянд. Муҳлати охири пешниҳоди мавод 1 ноябр.
Иштирокчиёни озмун шахсони ҳуқуқӣ (идораҳои рўзномаву маҷаллаҳо, телевизион ва радио, агентиҳои иттилоотӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ғ.) ва воқеӣ (рўзноманигорон, муаллифони шабакаҳои иҷтимоӣ буда метавонанд.
Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо рақамҳои 919 32 34 02, 98 999 71 50 ва 00000 44 33 муроҷиат кунед.
АКС: АМИТ «Ховар»/Иттифоқи журналистони Тоҷикистон









Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст






