БОИНГИ «МИРЗО ТУРСУНЗОДА» МУАРРИФӢ ШУД. Он минбаъд ба Урумчӣ, Ҷидда ва Теҳрон парвози ҳавоӣ анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тасмим гирифтааст, ки то интиҳои сол ба самти Урумчии Чин, Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ва Теҳрони Эрон парвозҳо ба роҳ монад. Ин нуктаро иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев имрӯз дар маросими муаррифии ҳавопаймои тамғаи «Боинг 737-800», ки чанде пеш аз ширкати «Aviation Capital Groop» /ACG/ вориди парки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» гардид, зикр намуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА, ки дар маросими муаррифии ҳавопаймои Боинг 737-800 иштирок дошт, иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиши бошукӯҳ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Ҳукумати мамлакат, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, ҳайати Боинг, ширкатҳои сайёҳӣ, шарикон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ иштирок намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев дар назди меҳмонон зикр намуд, ки ворид намудани ҳавопаймои Боинг 737-800 ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, бо кумаки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки авиатсияро яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ арзёбӣ намудаанд, сурат мегирад.

«Ҳавопаймои Боинг 737-800 ба тавсеаи шабакаи парвозҳо, зиёд намудани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои амалкунанда ва роҳандозии хатсайрҳои нав, инчунин беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо мусоидат менамояд»,-гуфт ӯ.
Қабули ҳавопаймои нав ба таҷлили 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, он ба васеъ гардидани ҷуғрофияи парвозҳо, қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни мусофирон мусоидат менамояд.
Абдулқосим Валиев арзи сипоси ширкати «Сомон Эйр»-ро ба ширкати ACG барои эътимоду ҳамкорӣ баён намуда, гуфт, ки муносибатҳои шарикии «Сомон Эйр» бо ширкати ACG дар оянда тақвият меёбанд.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 30 августи соли 2022 як адад ҳавопаймои «Боинг 737-800»-ро вориди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намуда, теъдоди ҳавопаймоҳои худро зиёд намуд. Ҳавопаймои «Боинг 737-800» аз 189 курсии эконом иборат буда, ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон, яке аз мубаллиғони роҳи сулҳу озодӣ, шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шудааст. Интизор меравад, ки дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ боз як ҳавопаймои «Боинг 737-800» шомили парки ҳавопаймоии ширкат шавад. Ҳарду ҳавопаймо дар асоси лизинги амалиётӣ аз яке аз ширкатҳои бузургтарини лизингӣ «Aviation Capital Groop» /ACG/ гирифта шудаанд. Бо дастрас гардидани ҳавопаймоҳои нав шумораи ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» дар маҷмӯъ ба шаш адад мерасад- ду ҳавопаймои «Боинг 737-900» ва чор ҳавопаймои «Боинг 737-800»
Мавриди зикр аст, ки ширкати «Aviation Capital Groop» соли 1989 таъсис ёфта, яке аз ширкатҳои пешбари ҷаҳон дар самти идораи дороиҳои авиатсионӣ бо маҷмӯи пурраи хизматрасониҳо мебошад. Ба ҳолати 30 июни соли равон ACG молики 475 адад ҳавопаймо мебошад, ки ба 85 ширкати ҳавопаймоии 45 давлати ҷаҳон ба иҷора дода шудаанд. ACG ширкати фаръии Tokyo Century Corparation мебошад.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз соли 2008 дар бозори байналмилалии интиқоли ҳавоӣ мувафаққона фаъолият намуда, узви Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои «Боинг 737-800 ва 737-900» иборат аст. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Тоҷикистон ба самти Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳои мустақим анҷом дода, алҳол барои барқарор намудани парвозҳо ба самти Чин ва роҳандозии парвозҳои мунтазам ба Арабистони Саудӣ кор бурда истодааст. Бехатарии парвозҳо аз афзалияти ширктаи «Сомон Эйр» буда, фаъолияти он ба қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ба интиқоли ҳавоӣ, тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ нигаронида шудааст.
Дар маросими муаррифии ҳавопаймои Боинг 737-800 Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм, намояндагони ширкатҳои «Aviation Capital Groop» ва «Боинг » cухан намуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»









Тсюй Дунъюй ба муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимию иқтисодӣ даъват намуд
Агаси Арутюнян: «Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон ва иқтидори кишоварзии он имконияти васеъ фароҳам меорад»
Байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ муколаимаи инвеститсионӣ баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
Форуми «Сармоягузорӣ ба илм ва навоварии ҷавонон: Назари минтақавии форуми ҷаҳонии озуқаворӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ оғоз мешавад
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хоҷамастон» дар як рӯз то 700 дона хишт истеҳсол менамояд
Дар Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт сохта мешавад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст






