Хисорот аз хушксолӣ дар ҷаҳон дар нимаи аввали соли 2022 13,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод

Сентябрь 6, 2022 10:19

ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Якчанд минтақаҳои сайёра дар шаш моҳи аввали соли 2022 ба хушксолии шадид дучор шуданд, ки хисороти он 13,2 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба маълумоти ширкати байналмилалии суғуртавии «Aon» хабар медиҳад.

Хусусан, соли равон  қитъаи Аврупо дар панҷсад соли охир ба ин гуна хушксолӣ бори аввал дучор гардид. Аз сабаби ҳавои хушк ИМА, Чин ва Покистон низ хисороти ҷиддӣ дидаанд.

Чунончи, дар Чин сатҳи оби дарёҳо хеле паст гардида, дар натиҷаи он истеҳсоли қувваи барқ дар неругоҳҳои барқи обии маҳаллӣ қариб 40 фоиз кам шуд. Вобаста ба ин ҳолат дар музофоти Сичуан кори корхонаи мошинсозии Toyota Motor қатъ гардид.

Дар кишварҳои аврупоӣ бар асари хушксолӣ ва сӯхторҳое, ки аз он ба вуҷуд омадаанд, ҳаҷми зиёди ҳосил аз даст рафтааст. Илова бар ин, паст шудани сатҳи оби дарёҳо ба ҳаракати киштиҳо халал ворид намуда, ба занҷираи таъминот таъсири манфӣ расонид.

Иқлимшиносон пешгӯӣ мекунанд, ки давоми 30 соли оянда хушксолии шадиди тобистон барои бисёре аз минтақаҳои ҷаҳон ба меъёри муқаррарӣ табдил хоҳад ёфт. Ҳамин гуна, дар ИМА аллакай зинаи якуми камарбанди гармии шадид ба вуҷуд омадааст, ки то соли 2053 чоряки кишварро фаро хоҳад гирифт. Интизор меравад, ки ҳарорати ҳаво дар ин кишвар беш аз 52 дараҷа шавад.

АКС: pixabay.com

Сентябрь 6, 2022 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд