Муомилоти молии Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ наздик ба 2,9 миллиард доллар расид

Сентябрь 13, 2022 10:02

ДУШАНБЕ, 13.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози соли 2022 ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба сатҳи беш аз 2 миллиарду 871 миллион доллар расидааст, хабар медиҳад агентии иттилоотии «Sputnik»-и Русия бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар хабар омадааст, ки дар давраи зикршуда ҳаҷми табодули мол миёни Тоҷикистон ва ду кишвари узви Созмони ҳамкории Шанхай — Қирғизистон ва Покистон коҳиш ёфтааст. Дар баробари ин, афзоиши гардиши мол бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Русия, Чин, Узбекистон ва Ҳиндустон ба мушоҳида мерасад.

Ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои дигар аз феҳристи СҲШ дар давраи сипаригашта беш аз 2,8 миллиард долларро ташкил додааст. Аз ин миқдор ба воридоти мол аз кишварҳои СҲШ ҳудуди 2,1 миллиард доллар рост меояд. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар СҲШ Русия, Қазоқистон, Чин ва Узбекистон боқӣ мемонанд. Маблағи муомилот бо ин кишварҳо аз оғози соли 2022 ба 2,770 млрд доллар расидааст.

Муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои СҲШ дар ин давра манфӣ арзёбӣ мегардад, ки ин ҳам ба он хотир аст, ки воридоти маҳсулот аз ин давлатҳо ба ҷумҳурӣ нисбат ба содирот хеле бартарӣ дорад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 13, 2022 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»