ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА БОКС. Варзишгарони тоҷик сазовори ёздаҳ медали тилло гардиданд

Сентябрь 29, 2022 09:12

ДУШАНБЕ, 29.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз  24 то 27  сентябр дар шаҳри Хуҷанд Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  бокс миёни калонсолон баргузор шуд. Муштзанон аз рӯи 13 вазн сабқат карда, ғолибон муайян гардиданд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар охирин рӯзи  мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс рақобатҳои финалӣ баргузор шуда,  соҳибони ҷом муайян гардиданд. Нахуст дар  вазни то 48 кг Усмонҷон Мирзоев  ва Умарқул Эрматов  барои медали тиллои мусобиқа миёни ҳам сабқат   карданд.

Рақобати муштзанон 3 давр идома кард ва билохира муштзани тоҷик Усмонҷон Мирзоев тавонист, ки  бо ҳисоби 4 бар 1 рақибаш аз Узбекистонро шикаст дода, соҳиби медали тилло ва Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад.

Дар вазни то 54 кг зинаҳои сеюми ифтихорӣ насиби Бузургмеҳр Иксанов аз Тоҷикистон ва Бобур Тухтаев аз Узбекистон шуданд. Дар натиҷа  медали тиллои ин вазн ба Ҳасанов Муҳаммадалӣ  муштзани вилояти Суғд анҷом ёфт. Сабқати  ниҳоии вазни то 57 кг низ ҷолиб сурат гирифта, ду варзишгари суғдӣ дар се давр бо ҳам қувваозмоии  шадид намуданд. Ҳарду ҷониб ҳам дар раванди мубориза аз худ маҳорати баланд нишон доданд ва дар сонияҳои охир Хусравхон Раҳимов тавонист Искандарбек Рустамовро ба нокаут фиристад. Ҳамин тавр,  ғолиби ин вазн соҳиби Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.

Дар вазни то 60 кг медалҳои биринҷӣ ба варзишгарон Асланбек Азимов ва Абдулло Шарипов дода шуданд.

Барои медали тиллои   Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абубакр Муродзода аз вилояти Хатлон ва Абдураҳим Ёқубов аз вилояти Суғд миёни ҳам  рақобат  карданд. Дар ин  сабқати ҷолиб  Абдураҳим Ёқубов зафар ёфт.

Мавриди зикр аст, ки  Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазни то 66,5 кг ба Ҷумҳурии Узбекистон рафт,  зеро дар рақобати ниҳоӣ ду варзишгари ҳамин кишвар-  Уткурбек  Абдулқодиров  ва Сулаймон  Латипов     бо ҳам қувва озмуданд. Дар ин нерусанҷӣ аз оғоз Сулаймон Латипов зарбаҳои ҳадафрастар дошта, пеш аз муҳлати анҷоми сабқат ҳарифашро шикаст дод. Ин рақобатро Мансур Муҳидинов- довари дараҷаи олимпӣ аз Тоҷикистон  идора мекард ва пас аз як нокдаун вохӯриро қатъ карда, пирӯзӣ ва медали тиллои мусобиқаро насиби Сулаймон Латипов донист.

Дар зинаи дуюм Уткурбек Абдулқодиров ҷой гирифта,  медалҳои биринҷии мусобиқа насиби ду варзишгари тоҷик- Расул Аҳадов  ва  Шоҳин Ҳикматов гардид.

Финали вазни то 74,5 кг низ интизори мухлисон буд, зеро дар он муштзани умедбахши тоҷик Абдумалик Болтаев бо Ашурбек Ҷиянов вориди майдони рақобат шуданд. Абдумалик дар даврҳои гузашта ҳарифонашро пеш аз муҳлат ба нокаут фиристода буд ва интизор мерафт ин бор низ ҳарифашро пеш аз муҳлат шикаст диҳад. Ӯ дар пайти аввали нерусанҷӣ чанд зарбаи шадид ба ҳариф зада, ӯро ба нокдаун ҳам фиристод, бинобар ин мураббиёни Ашурбек пас аз пайти аввал рақобатро мутаваққиф карданду медали тилло  дар ин вазн насиби Абдумалик Болтаев гардид.

Дар  вазни то  80 кг  ба финал Шаҳбоз Негматуллоев ва Шаҳбоз Ҳаитов барои ба даст овардани медали тиллои мусобиқа миёни ҳам  сабқат карданд.  Рақобати муштзанон 3 раунд идома карда, дар ниҳоят  Шаҳбоз Негматуллоев бо ҳисоби 3 бар 2 музаффарият ба даст овард.  Рақобатҳо   дар  вазни то 86 кг миёни  ду варзишгари тоҷик  Наврӯз Ҷафоев ва Парвиз Каримов сурат гирифт. Ин рақобат ҳам диданӣ буд ва ду ҷониб зарбаҳои ҳадафрас низ доштанд. Дар ин вазн  Наврӯз Ҷафоев ғолиб дониста шуда, соҳиби медали тиллои мусобиқа шуд ва  медали нуқра насиби Парвиз Каримов гардид.

Муштзани узбекистонӣ  Бобур Юлдошев тавонист, ки нишони тиллои   вазни  92 килограммро соҳиб шуд.  Дар финали ин вазн Бобур  бо Насим Шарипов аз Тоҷикистон неру санҷида, се пайтро бо ғалаба анҷом дод.  Ҳамин тавр, Бобур Юлдошев дуюмин муштзан аз Узбекистон шуд, ки  медали тиллои  мусобиқаи Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардид.

Миёни сангинвазнҳо   Асадбек Манонов  зинаи сеюми ифтихориро ишғол кард. Муҳаммад Аброридинов ба гирифтани  медали нуқра даст ёфту ғолиби вазни мутлақ ва Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муштзани  ботаҷриба ва номдори тоҷик Ҷаҳон Қурбонов шуд.

Ҳамин тавр,  дар якумин мусобиқаи Ҷоми Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс  аз сенздаҳ вазн 11-тояшро  муштзанони тоҷик соҳиб шуданд. Ду медали тиллои дигарро муштзанони узбек ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи сеюми мусобиқаи байналмилалӣ  дар вазни 51 кг ва 63,5 кг рақобатҳои финалӣ доир шуданд, ки Меҳроҷ Ҳомидов ва Баҳодур Усмонов соҳиби медалҳои тиллои ин вазнҳо гардиданд.

                                                                                        АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 29, 2022 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ мебинад
НАТИҶАҲОИ СОЛИ 2025: Дастаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳонии «ACBJJ-2025» 40 медал ба даст овард
Беҳтарин варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 муайян карда шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2025-ро дар раддабандии ФИФА бо мақоми 101-ум ҷамъбаст кард
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Ғолибони он дар шаҳри Душанбе муайян гардиданд
Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд
Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид