Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ якчанд муассисаи таълимиро ба истифода доданд

Сентябрь 1, 2022 21:22

ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои муассисаи таълимии Гимназияи ба номи Абдураҳмони Ҷомиро мавриди истифода қарор доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки бинои таълимии гимназия барои 480 хонандаи синфҳои ибтидоӣ ва фаъолияти 48 нафар омӯзгорону кормандон пешбинӣ гардида, аз 4 ошёна иборат мебошад. Бино дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби ҶДММ «Фурӯзонӣ» бунёд гардидааст. Фармоишгар ҶДММ «АРТ-Иншоот» маҳсуб ёфта, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби ҶДММ «Партнёр» анҷом дода шудаанд.

Бинои таълимӣ дорои 12 синфхона, 4 утоқ барои машғулияти гурӯҳӣ, бунгоҳи тиббӣ, 2 утоқи техникӣ, хонаи омӯзгорон, утоқи шуъбаи техникӣ, китобхона, толори фарҳангӣ, толори варзишӣ, ошхона ва анбори ашёи хоҷагӣ мебошад. Дар синфхонаҳои иловагӣ шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шуда, бо таҷҳизоти зарурии таълим муҷаҳҳаз гардидаанд. Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар атроф ва саҳни бинои иловагии таълимӣ низ бо сатҳу сифати хуб ба анҷом расида, дар атрофи бино гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ шинонида шудаанд.


Раиси шаҳри Душанбе бо масъулин суҳбат намуда, аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки ҳамаи ин ғамхориҳо барои ояндаи дурахшони насли наврас буда, дар ҷавоб ба ин наврасону ҷавононро мебояд хуб таҳсил намуда, дар оянда ҳамчун фарзандони содиқ ба халқу Ватани худ хизмати шоиста намоянд.

Ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Истаравшани ноҳияи Шоҳмансур муассисаи томактабии №30-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии иншоот 3915 метри мураббаъро ташкил дода, бино дар масоҳати 1211 метри мураббаъ сохта шудааст. Иншоот аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 204 нафар кӯдак пешбинӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи июли соли 2021 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ мутобиқ ба талаботи замони муосир ба анҷом расонида шуданд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 20 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам мегардад. Муассисаи замонавӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби МД «Раёсати сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи имрӯза ба роҳ монда шудааст.

Иншоот дорои ошхона бо 120 ҷойи нишаст, анбор барои нигоҳдории маводи хӯрокворӣ, ҳуҷраи ҷомашӯӣ, толори варзишӣ, гимнастикаи бадеӣ, синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла забони англисӣ, арифметикаи зеҳнӣ, толори мусиқӣ, машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат, ҳуҷраҳои корӣ, маркази хизматрасонии тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар саҳни муассисаи нави таълимӣ 9 айвонча, 2 ҳавзи тобистонаи шиноварӣ ва гӯшаҳои махсус сохта шудаанд, ки барои гузаронидани машғулият ва бозии кӯдакон хеле мувофиқанд.


Раиси шаҳри Душанбе масъулинро вазифадор намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, таъмини шароити хуби тарбия ва риояи қоидаҳои беҳдоштии кӯдакон диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Инчунин худи ҳамон рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №5, воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Раиси шаҳри Душанбе нахуст бо бардоштани парда ба кори Литсей оғоз бахшида, бо шароити фароҳамовардаи таълиму тарбия дар он шинос гардиданд. Сохтмони муассиса тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе, аз ҷониби ҶДММ «Толеъ» ба роҳ монда шудааст. Фармоишгари Муассисаи таълимӣ МД «Раёсати сохтмони асосӣ» маҳсуб шуда, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби ҶСК «ПИЛТ САНИИОСП» анҷом дода шудаанд.


Муассисаи мазкур аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 350 нафар пешбинӣ шудааст. Муассисаи мазкур дар масоҳати 3664 м2 бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, дорои синфхонаҳои барҳаво, аз ҷумла озмоишгоҳҳои химия, физика, синфхонаҳои таълими меҳнат, компютерӣ, биология, ҳарбӣ, ибтидоӣ, умумӣ, толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона бо 120 ҷойи нишаст мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе масъулинро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ ва таъмини шароити таълимӣ диққати бештар зоҳир намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Сентябрь 1, 2022 21:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе беш аз 22 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд
ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН. Дар Душанбе маросими ҷоизасупории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Душанбе истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ баробар гардид
Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт таъмини 665 бино бо неруи гармӣ ба нақша гирифта шудааст
Соли 2024 дар ноҳияи Синои пойтахт 4 корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва Театри миллӣ шинос шуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт то охири сол беш аз 4 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис меёбад
ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Пагоҳ дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
Дар даромадгоҳи дарвозаи ҷанубии Душанбе гулгашти назаррабо мавриди истифода дода шуд
ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт тариқи кӯчаи Қаҳҳоров дар Душанбе муваққатан манъ гардид
Дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
Имрӯз иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид