SECO дар татбиқи «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022-2026» дар Тоҷикистон кумак менамояд

Сентябрь 2, 2022 08:58

ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни татбиқи кумакҳои техникии SECO ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), аз ҷумла барои татбиқи лоиҳаи рушди идоракунии корпоративӣ ва таҳияи заминаи меъёрию ҳуқуқии низоми пардохт зимни мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори роҳбарикунандаи Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ (SECO) Мартин Саладин ва директори SECO дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайб дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон.

Зикр гардид, ки БМТ дар ҳамкорӣ бо SECO ва Бонки ҷаҳонӣ «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» таҳия намудааст, ки он моҳи июли соли равон бо қарори Ҳукумат тасдиқ гардид. Изҳори умед карда шуд, ки намояндагони SECO ҷиҳати дар амал татбиқ намудани стратегияи мазкур талош хоҳанд кард.

Фирдавс Толибзода ба сатҳу сифати ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва SECO баҳои баланд дода, Мартин Саладин ва ҷониби Швейтсарияро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намуд.

Зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо якчанд сохтори давлатӣ ва ташкилоти Швейтсария ҳамкории босамар ба роҳ мондааст.


БМТ дар самти таъмини суботи молиявӣ, тақвияти низоми бонкӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва рушди низоми пардохт бо SECO равобити судманд роҳандозӣ намуда, дар ин замина ҷиҳати рушди низоми бонкии кишвар аз кумакҳои техникӣ ва машваратии ниҳоди мазкур бархӯрдор гардидааст. Фирдавс Толибзода ба ҳамтои худ барои кумакҳои техникӣ ва машваратии SECO арзи сипос намуда, гуфт, ки минбаъд низ ҳамкориро дар самти тақвияти устувории низоми бонкӣ, рушди низоми пардохт ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ идома хоҳанд дод.

Дар мулоқот инчунин масъалаҳои расонидани кумаки машваратию техникӣ дар самти таъсиси Академияи бонкӣ, дастгирии SECO барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии бонкҳои кишвар бо бонкҳои хориҷӣ, таҳияи барномаҳои нави SECO дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2022 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Муғулистон Харитаи роҳ ба имзо расид
Дар нимсолаи якуми соли 2026 қурби расмии доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ 0,17 фоиз баланд шуд
Барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил сохтори нав таъсис дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 ба зиёда аз 6 миллиард доллар баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Палатаи ҳисоб беш аз 202 миллион сомонӣ вайронкунии қоидаҳои молиявӣ барқарор карда шуд
Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид
Дар шаш моҳи соли 2026 дар соҳаи саноати Тоҷикистон 1160 ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1080 то 0.1195 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Улан-Батор ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор шуд
Ҳаҷми дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ зиёд гардидааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 дороиҳои «Саноатсодиротбонк» 1,3 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 сатҳи таваррум 2,4 фоизро ташкил намуд