Соҳиба Ғаффорова: «Муносибатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба таври афзоянда рушд меёбанд»

Сентябрь 12, 2022 14:20

ДУШАНБЕ, 12.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова имрӯз пас аз мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ВАО суҳбат намуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Соҳиба Ғаффорова, имрӯз равобити Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба таври афзоянда рушд мекунанд. Имсол ба барқарор шудани равобити дипломатӣ миёни ду кишвар 30 сол пур шуд. Дар оғози сол ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Сипас сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дигар роҳбарони воломақоми Тоҷикистон ба Озарбойҷон сурат гирифт.

«Баргузории мулоқоти имрӯза бо роҳбарияти олии Тоҷикистон имкон дод, ки бори дигар рушди минбаъдаамонро баррасӣ кунем. Аз ин лиҳоз равобити байнипарлумонӣ яке аз самтҳои асосии рушди муносиботи ду кишвар маҳсуб мешаванд», — гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шоми 10 сентябр Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 12, 2022 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»