Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Россия 17 ноябр дар Душанбе бозии дӯстона анҷом медиҳанд
ДУШАНБЕ, 29.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи футболи Россия барои баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои миллии ду кишвар ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Бозии дастаҳои Тоҷикистону Россия 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки он метавонад 20 ҳазор тамошобин ҷамъ оварад. Бозӣ соати 20:00 оғоз мешавад.
Қаблан Тоҷикистон ва Россия дар сатҳи дастаҳои миллӣ ҳеҷ гоҳ вонахӯрда буданд.
Ёдовар мешавем, ки дар раддабандии ФИФА дастаи мунтахаби Россия дар зинаи 33-юм ва тими миллии Тоҷикистон дар мавқеи 108-ум ҷой гирифтаанд.
Бозии дӯстона
17 ноябр (душанбе)
Оғоз соати 20:00
ТОҶИКИСТОН –Россия
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Акс: ФФТ








Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони тоҷик дар беш аз 80 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад






