ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе пурра ба кор даромаданд

Октябрь 18, 2022 13:13

ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе пурра ба реҷаи корӣ даромада, рӯзҳои наздик сокинони 4 ноҳияи пойтахт бо оби гарми қубурӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар ин бора зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сухангӯи Ширкати «Барқи тоҷик»  Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод.

Тавре иттилоъ дода шуд, МБГ №1-2 шаҳри Душанбе ҳанӯз аз 10 октябр ба кор шуруъ намуда, аз 14 октябр тақсимкунии оби гарм ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва як қисми ноҳияи Сино ба роҳ монда шуд. Рӯзҳои наздик тамоми ноҳияҳои пойтахти кишвар бо оби гарми қубурӣ таъмин мегарданд.

Ба иттилои Сардори басти неругоҳи МБГ-2 шаҳри Душанбе Наимҷон Ҳақназаров, дар айни замон маркази мазкур дар як соат 400 МГВ қувваи барқ истеҳсол намуда, захираи имсола 900 ҳазор тонна ангиштро ташкил медиҳад. «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ҳоло бо тамоми қувва ба фаъолият оғоз намудааст, ки дар як шабонарӯз 5400-5500 тонна ангишт масраф мешавад. Вақте аз оби гарми қубурӣ истифода мебарем, барқ 3 маротиба сарфа мешавад»,-изҳор медорад ӯ.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 аз тарафи марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо дегхонаҳои шарқиву ғарбӣ 2767 иншоот бо гармӣ таъмин гардиданд.

Имсол дар мавсими солҳои 2022-2023 аз ҳисоби тамоми манбаъҳои гармидиҳӣ- МБГ №1, №2 ва дегхонаҳо бояд 3 ҳазор иншоот бо оби гарми қубурӣ таъмин карда шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2022 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид