Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Таиланд эътимоднома тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр маросими супоридани эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Таиланд Ардашер Қодирӣ, ки қароргоҳаш дар Малайзия мебошад, ба Подшоҳи Шоҳигарии Таиланд Аълоҳазрат Маҳа Ваҷиралонгкорн баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сафир салому паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Подшоҳи Таиланд расонида, таъкид дошт, ки Тоҷикистон алоқаманди таҳким ва густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Шоҳигарии Таиланд аст.
Подшоҳи Таиланд Аълоҳазрат Маҳа Ваҷиралонгкорн ба Сафири аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Таиланд барору комёбӣ таманно намуд.
Акс: ВКХ ҶТ








Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд






