СММ дар бораи кушта шудани беш аз 40 нафар дар таркиши Кобул хабар дод
ДУШАНБЕ, 04.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди қурбониёни таркиши рӯзи 30 сентябр дар як маркази таълимӣ дар ғарби Кобул ба 43 нафар расид ва 83 нафари дигар захмӣ шуданд. Чунин маълумотро ТАСС бо истинод ба Миссияи СММ оид ба кумак ба Афғонистон (UNAMA) овардааст.
Дар саҳифаи намояндагӣ дар «Твиттер» гуфта мешавад, ки дар миёни қурбониён асосан духтарон ва занони ҷавон ҳастанд. Зиёд шудани шумораи ҳалокшудагон истисно нест. «Эҳтимоли афзоиш ёфтани шумораи қурбониён вуҷуд дорад. Гурӯҳҳо доир ба ҳуқуқи инсони Миссияи СММ оид ба кумак ба Афғонистон (UNAMA) ҷараёни санҷишро идома медиҳанд», -омадааст дар хабар.
Қаблан дар бораи кушта шудани 35 нафар ва захмӣ шудани 82 нафар дар таркиш хабар дода шуда буд.
Акс: liner.h








ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид






