БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Рашт ба 90 нафар духтарон либосҳои зимистона тақдим шуданд
РАШТ, 22.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Рашт Муқимҷон Набизода туҳфаҳои идонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро, ки иборат аз либосҳои духтаронаи зимистона буданд, ба 90 нафар гулдухтарони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ятимони ноҳия, Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи омӯзгории ноҳия тақдим намуд. Дар ин бора дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ доданд.
Дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз хислатҳои неки инсонист. Дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳо нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторон, дардмандону оилаҳои эҳтиёҷманд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешаванд.
Дар доираи чунин иқдому тадбирҳои муҳим ва хайрхоҳонаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст оилаҳои эҳтиёҷманд, хусусан ятимону шахсони дорои имконияти маҳдуд ва хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ятимони ноҳия пайваста дастгирӣ карда мешаванд. Ин табақаи аҳолӣ таҳти таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад






