Дар Душанбе ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Парчам – ифодагари иқболу истиқлол ва ормонҳои миллӣ»— таҳти ин унвон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ- назариявӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт хабар дод.
Дар конференсия Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарону кормандони муассисаҳои тобеъ ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ зикр намуд, ки Парчам рамзи озодии миллат, ифтихори миллӣ ва ҳисси баланди меҳандӯстиву хештаншиносӣ ба шумор меравад.


«Эҳтироми маорифчиён ба рамзҳои давлатӣ, хусусан Парчами давлатӣ дар он зоҳир мегардад, ки баҳри рушди бемайлони соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла беҳтар гаштани сифати таҳсилот дар кишвар ва таълиму тарбияи дурусту мукаммали насли наврасу ҷавон тамоми саъю талоши худро ба харҷ дода, хонандагону донишҷӯёни тоҷик зимни иштирок дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ тавассути афрохта шудани Парчами давлатӣ кишвари азизамон – Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд»,-афзуд Раҳим Саидзода.
Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода дар идома таъкид намуд, ки “соли 2010 бунёди манораи бузурги Парчами давлатӣ дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, ҳамчун «Майдони парчам» номгузорӣ шуд. Мардуми кишвари азизамон имрӯз зери Парчами ваҳдату якдилӣ ба хотири эъмори ҷомеаи мутамаддин устуворона қадам мегузоранд ва бо азму иродаи созандаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҷовидона муқаддас медоранд”.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт
Ҷаласаи даҳуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Дар шаҳри Душанбе масъалаи воридсозии зеҳни сунъӣ ба таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд
ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин оғоз намуд
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва IREX Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф дар нашрияи байналмилалии «Asia Education Review» муаррифӣ гардид






