Гулбаҳор Назирӣ ва Эндрю Спиндлер оид ба рушди хизматрасонии молиявӣ суҳбат намуданд
ДУШАНБЕ, 05.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо намояндагони Ҳайати ихтиёриён оид ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ (FSVC) таҳти роҳбарии Президент ва директори иҷроияи ташкилоти зикршуда Эндрю Спиндлер баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллӣ хабар доданд.
Зимни мулоқот Гулбаҳор Назирӣ зикр намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар тӯли се соли охир бо Ҳайати ихтиёриён ҳамкорӣ дорад ва дар ин муддат ду марҳилаи барномаи кумаки техникӣ аз рӯйи лоиҳаи «Баланд бардоштани ягонагии молиявӣ ва таҳкими устуворию дастрасии молиявӣ дар Тоҷикистон» амалӣ гардид, ки дар робита ба ин ҳамкории муваффақонаи ҳарду ташкилот ҳангоми амалӣ намудани ин лоиҳа роҳандозӣ гардид.
Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки дар доираи амалӣ намудани марҳилаи дуюми ҳамкории техникӣ бо иштироки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ зиёда аз 20 чорабинии таълимӣ баргузор шуд.
Президент ва директори иҷроияи Ҳайати ихтиёриён оид ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ Эндрю Спиндлер изҳор намуд, ки онҳо дар ду марҳилаҳои пешинаи лоиҳа бо ҳамкории БМТ ба дастовардҳои хуб ноил гаштанд. Бинобар ин дар ин самт корҳо идома дода мешаванд ва ҳамкории дуҷониба дар оянда низ пурмаҳсул ва судбахш хоҳад буд.
АКС: шуъбаи матбуоти БМТ








Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Бонки исломии рушд мулоқот намуд
Ҷаласаи якуми Шурои кории муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад
Вазорати нақлиёт Маркази байналмилалии тамосро бо истифода аз зеҳни сунъӣ дар шакли озмоишӣ фаъол намуд
Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли 2026 чӣ қадар маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷӣ мамлакат содирот намуд?
Ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2300 то 9.3057 сомонӣ муқаррар шудааст
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон зиёдтар шудааст
Дар Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон баргузор мегардад
Дар Бонки миллӣ дар доираи омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи Гурӯҳи Авруосиё оид ба МҚД/МТ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон роботи интеллектуалии насли нав ба раванди таълим ҷорӣ гардид
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Кадом мавзеъҳои истироҳатии вилояти Суғдро бояд интихоб намуд?






