Конститутсияи Тоҷикистон дуюмин санади олии ҳуқуқии бо роҳи раъйпурси умумихалқӣ қабулшуда дар ИДМ мебошад

Ноябрь 6, 2022 09:25

ДУШАНБЕ, 06.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин санади олии ҳуқуқие мебошад, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Россия, ИМА ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта,  яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст. Чунин иброз намуд Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ вобаста ба нақши Конститутсияи Тоҷикистон.

Ба зикри Ректори Донишкада, ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия  якчанд санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, бавижа он ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи инсонро ба танзим медароранд, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Қарордоди байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, Қарордоди байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи гражданӣ ва сиёсӣ, Эъломияи Париж ва санадҳои Маҷлиси машваратӣ оид ба амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифта, муқаррароти онҳо ба инобат гирифта шуданд.

Баъди омӯзиши ин санадҳои муҳим бисту ҳашт сол муқаддам — 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи нав оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллиамон нақши сарнавиштсоз дорад.

«Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таҷлили 20-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон, 5 ноябри соли 2014, нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро «ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллӣ» номида, онро ҳамчунин «маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар» маънидод карданд»,- изҳор дошт Муҳриддин Низомӣ.

Ба зикри доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ, Сарвари давлат дар он авзои бисёр вазнину ҳассос дар сатҳи баланди сиёсию ҳуқуқӣ таҳия намудани Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва аз ҷониби мардум пазируфта шудани онро «дастоварди бузурги миллӣ» номида, ба халқи Тоҷикистон ва ҳамаи аъзои гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия, ки бо вуҷуди вазъияти мураккабу ноороми кишвар ва фишору зӯроварии гурӯҳҳои манфиатҷӯ дар ин раванди таърихӣ иштирок доштанд, изҳори сипос карданд.

«Мавриди зикри хос аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани  фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам овард», — иброз медорад ҳамсуҳбати мо.

Мавсуф дар идома зикр намуд, ки бо рушду такомули ҷомеа Конститутсия, меъёрҳои он ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ба такмил эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Ин, хусусан ба Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлат ва ҷомеае рабт мегирад, ки дар марҳилаи гузариш аз як сохт ба сохти дигар ва рушду такомул қарор дорад. Чунин зарурати такмили Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ дар Тоҷикистон низ пеш омад ва ба Қонуни асосии кишвар се маротиба — 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Воқеан, Конститутсия шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад. Ба гуфтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон,  «танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад, танҳо ҳамон давлате нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузоранд».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 6, 2022 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд