ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Ноябрь 28, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 28.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9,  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа  гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14, дар баъзе минтақаҳо то 16-21 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9,  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  3+8 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук,  рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9,  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4+9 дараҷа гарм,  рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9,  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5+7 дараҷа гарм ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 28, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид