Соли 2023 Дабири кулли нави СААД собиқ сарвазири Қазоқистон мешавад

Ноябрь 24, 2022 10:04

 ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар/. Дабири кулли нави Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) аз 1 январи соли оянда Имангали Тасмагамбетов таъйин мешавад (ДАР АКС дар марказ). Солҳои 2000-ум ӯ сарвазир ва котиби давлатии Қазоқистон, солҳои 2017-2019 сафири ин кишвар дар Россия буд. Вай дар ин вазифа Станислав Засро иваз мекунад. Дабири кулли СААД барои се сол таъйин карда мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, дар ин бора дар иттилоияи сомонаи Президенти Қазоқистон гуфта шудааст.

«Дар доираи ҷойивазкунии нақшавӣ сарони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки намояндаи Қазоқистон Имангали Тасмагамбетов аз 1 январи соли 2023 ба муҳлати се сол ба вазифаи Дабири кулли СААД таъйин карда шавад», — хабар дода шудааст дар сомонаи Сарвари давлати Ҷумҳурии Қазоқистон.

Станислав Зас, ки баъди 12 соли кор дар Шӯрои амнияти Беларус ба мақоми Дабири кулли СААД гузашт, моҳи январи соли 2020 ба ин вазифаи баландпоя таъйин гардида буд. Раиси Шӯрои СААД соли 2023 президенти Беларус Александр Лукашенко мешавад, ки қаблан ин мақомро сарвазири Арманистон Никол Пашинян бар уҳда дошт.

СААД- иттиҳоди низомию сиёсиест, ки аз ҷониби кишварҳои ИДМ барои ба эътидол овардани вазъ дар кишварҳои шарик таъсис дода шудааст. Ба СААД шаш давлат: Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Тоҷикистон шомиланд. Соли 2022 раёсати ин иттиҳодро Арманистон бар дӯш дошта, соли оянда раёсат ба Беларус мегузарад.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 24, 2022 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд