ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар Душанбе барфи аввал борид

Декабрь 5, 2022 08:39

ДУШАНБЕ, 05.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳаво сокинону меҳмонони пойтахтро бо барфи аввал шод гардонд. Қаблан Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ аз тағйири ҳаво ва боридани барфи тар хабар дода буд.

Cукути зебои табиат, покизагии ҳавою нафас, тамошои бориши барф аз паси оина таскинбахш асту ҳаловати тасвирношудание дорад. Агар аз тамошои паси парда берун бароӣ, барфи алмосӣ ба рўят дона-дона мерезад. Зимистон фасли муъҷизаҳо, афсонаҳо, сардиҳост.

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, имрӯз, 5 декабр дар Душанбе ҳавои абрнок мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо борон бо гузариш ба барфи тар ба амал омада, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм ва рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 5, 2022 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид
МАРҲАБО БА ТАНТАНАҲОИ ИСТИҚЛОЛ. Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиёну Рӯдакӣ баргузор мегардад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии Маҷмааи бокс ва меҳмонхонаи панҷситорадор оғоз бахшиданд
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мегардад
Рустами Эмомалӣ бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияро мавриди истифода қарор доданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии маҷмааи IT-Hub Dushanbe санги асос гузоштанд
Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид