ДАРАХТ БИНШОН. Дар шоҳроҳи Душанбе–Ваҳдат 200 бех дарахти санавбар ва туя шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 31.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳашари дастҷамъонаи ниҳолшинонӣ, ки 30 декабр дар қисмати рости шоҳроҳи Душанбе- Ваҳдат –ҳудуди Ҷамоати деҳоти Баҳор, маҳаллаи Баҳор баргузор шуд, 200 адад дарахти санавбар ва туя шинонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавзеи мазкур масоҳати 6 гектарро дар бар гирифта, то имрӯз 5295 дарахтони гуногуни ороишӣ, аз қабили санавбар, туя, каштан, аморфа, акатсия, чормағз, ясен ва қарағоч шинонида шудааст, ки обдиҳии онҳо тариқи қатрагӣ ба роҳ монда шудааст.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар доираи Лоиҳаи «Усули ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳким бахшидани деҳқонони хурд ва чорводорон ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон»-и Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт.
Дар маъраки ниҳолшинонӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода иштирок намуданд.
Баъд аз шинонидани дарахтони гирду атрофи ҳудуди номбурда марҳила ба марҳила бо симтур маҳкам карда мешавад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон











ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад






