«ВАҚТИ ОН РАСИДААСТ, КИ БА ҲАМА ГУНА ҒАЛАТГӮИВУ ҒАЛАТНАВИСӢ ХОТИМА БАХШЕМ!». Чунин изҳор дошт Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Олимҷон Муҳаммадҷонзода ба АМИТ «Ховар»

Декабрь 24, 2022 12:46

ДУШАНБЕ, 24.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мо дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ қарор дорем. Имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳо шиору овезаҳои зиёде насб карда мешаванд, дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма табрикоти солинавӣ нашр ва пахш мегарданд, ки дар баъзе мавридҳо ғалат навишта мешаванд. Тавре Мирзо Абдулқодири Бедил фармудааст: «Хат ғалат, имло ғалат, иншо ғалат, маъно ғалат».

Дар ин мавзуъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА ҳамсуҳбат шуд.

АМИТ «Ховар»: — Чандрӯз қабл як сомона дар интернет ҳунарманди синамои тоҷик Маҳмадалӣ Маҳмадовро чунин табрик кардааст: «71 солагӣ муборак!» Аксаран дар матолиби ВАО, сомонаҳои интернетӣ ва шиору овезаҳои сари кӯчаву бозор бо чунин тарзи навишт дучор меоем: «30 солагӣ», 50-соли пуршараф», «3-адад», «5-декабр». Оё ин ғалат нест?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: — Албатта ғалат аст, чунин саҳлангорӣ хеле зиёд ба назар мерасад. Ин калимаҳо дар асл чунин навишта мешаванд: «30-солагӣ», «50 соли пуршараф», «3 адад», «5 декабр» ё «5-уми декабр». Барои ислоҳи ин камбудиҳо мутахассисони Кумита пайваста кор бурда, бо шахсони масъул ҳамвора суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ ба анҷом мерасонанд.

АМИТ «Ховар»: — Баъзан ин тарзи навиштро дида, худи мо ба шубҳа меафтем, ки шояд Қоидаҳои имло тағйир хӯрда бошанд… Бигӯед, ки дар кадом ҳолат ибораи «соли нав» бо ҳарфи калон ва дар кадом ҳолат бо ҳарфи хурди «с» ва ё бо аломати хитоб навишта мешавад?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: — Не, тағйир наёфтаанд. Мутобиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 268 аз 30 июни соли 2021 тасдиқ шудаанд, ҳарфи аввали калимаи нахусти анҷуманҳо, ҷашну идҳо ва форумҳо бо ҳарфи калон навишта мешавад. Дар мавриди «Соли нав муборак!» ва «Соли нав муборак бошад ё муборак бод», ки аксаран ба навиштаҷоти реклама ва лавҳаю овезаҳо марбут аст. Ин гуна навиштаҷот метавонад дар шакли ҷумлаи пурра ва ё нопурра ояд. Гузоштани аломати китобат майлу хоҳиш ва хитоби гӯяндаро мефаҳмонад ва истифодаи он дар ин гуна ҳолатҳо беҳтар мебошад. Ин аст, ки дар сурати номи ҷашни солшумории мелодиро ифода кардан дар таркиби мазкур ҳарфи аввали калимаи сол бо ҳарфи калон навишта мешавад. Агар дар матни муқаррарӣ истифода шавад ва ибораи «соли нав» на рӯзи ид, балки соли фарооянда ва ё соли фарорасидаро ифода кунад, ҳатман бояд бо ҳарфи «с»-и хурд навишта шавад. Барои мисол: «Дар соли нави таҳсил ба хонандагон китобҳои дарсиро ройгон тақсим карданд».

АМИТ «Ховар»: — Ба назари Шумо дар навиштаҳои шаҳру деҳот (билбурд, баннерҳо, шиору овезаҳо, тоблуҳо), дар навиштаҳои ВАО, телевизиону радио ва интернет боз кадом саҳву хатоҳо пайваста ба назар мерасанд?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: — Дар мавриди навиштаҳои тоҷикии ВАО ва телевизиолну радио, ки бештар тариқи сатрҳои равон ё матни рекламаҳо манзур мешаванд, чунин калимаю ибораҳоро воҳурдан мумкин: “простатит”(ба ҷои “газаки ғадуди зермасона”), “сутунмуҳра”, “инсулт” (ба ҷои “сактаи мағзи сар”), “суроға” (ба ҷои “нишонӣ”), “кӯмак” (ба ҷои “ёрӣ), “шӯъба”, “мавзӯъ”, “мӯҳтарам”, “сӯҳбат”, “оиди”, “шӯро”, “олами чархҳо”, “посуда аз Дубай”, “моҳи бирён”, “таги дом”, “хонаи як ҳуҷрага”, “оши палов порсавой”, “Мо кушода шудем!” (калкаи русии “Мы открылись”). Чунин тарзи навишт ғалат аст. Дар навиштаҷоти бисёре ба забони русӣ ва ҳуруфи лотинӣ дар овезаҳои мағозаю тарабхонаҳо, инчунин навиштаҷоти эълону рекламаҳои шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо хатоҳо зиёданд. Вақти он фаро расидааст, ки ба ҳама гуна ғалатгӯиву ғалатнависӣ хотима бахшем!

АМИТ «Ховар»: — Барои ислоҳи ин хатоҳо Кумитаи забон ва истилоҳот чӣ тадбирҳо андешидааст ва меандешад?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: — Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ вазъи иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро месанҷад. Назорат ва ба танзим дароварандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонуни мазкур ба зиммаи Кумитаи забон ва истилоҳот гузошта шудааст, аз ин рӯ ин масъаларо ҳамарӯза пайгирӣ менамояд. Дар масъалаи татбиқи пурраи қонуни мазкур ҳанӯз камбудиҳо дар корхона ва муассисаҳои хурду бузурги мамлакат, сарфи назар аз шакли моликияташон, хеле зиёданд. Корхонаю муассисаҳои нав созмон дода мешаванд ва татбиқи қонуни забон дар онҳо вақт талаб мекунад.

Кумита барои бартараф кардани навиштаҷоти ғалати шиору овезаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар бо иштироки намояндагони мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, барои ислоҳи вазъ санад ба имзо мерасонад ва тавсимяҳо медиҳад. Ҳамаи мо вазифадорем, ки муқаррароти ин қонунро пурра иҷро кунем ва ба забони давлатӣ эҳтиром гузорем.

АМИТ «Ховар»: — Донишмандони маъруфи забоншинос борҳо таъкид кардаанд, ки забон — организми зинда аст, бинобарин бояд якзайл наистад, ҳамеша рушд кунад. Оё вақти он нарсидааст, ки ба Қоидаҳои имло тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд? 

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: — Зикр бояд кард, ки Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ дар асоси пешниҳодҳои забоншиносону олимони шинохтаи кишвар бо дарназардошти меъёрҳои мавҷудаи забони тоҷикӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд. Аз ин рӯ, талаботи Қоидаҳои имло дар корхонаву муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бояд риоя ва амалӣ карда шаванд. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон иҷрои амалии қоидаҳои имлоро назорат менамояд.

Бале, забон – организми зинда аст, вале ин маънои онро надорад, ки ҳамасола Коидаҳои имло тағйир дода шаванд. Ин заруратро равиши таҳаввули забон дар солҳои баъдӣ нишон хоҳад дод.

АМИТ «Ховар»: — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 сентябр дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чунин таъкид намуданд: «Акнун замоне фаро расидааст, ки мо низ ба мисли дигар кишварҳои пешрафтаву мутамаддин пайваста дар андешаи пок ва солим нигоҳ доштани забони давлатии худ бошем, вуруди ҳар як унсури навро ба забон дар асоси меъёрҳои адабӣ танзим намоем ва дар навбати аввал ба ҳама ғалатгӯиву ғалатнависӣ хотима бахшем». Баъди ин суханон Кумитаи забон ва истилоҳот оё чӣ нақшаву тадбирҳое рӯи даст гирифтааст?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: — Кумита дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар мулоқоти мазкур силсилаи тадбирҳоро таҳия ва тасдиқ намуд, ки тибқи он корҳо дар ин самт роҳандозӣ шуда истодаанд.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рукни асосии давлату миллат пайваста кӯшиш намуда, назоратро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҷиддӣ ба роҳ мондааст.

Пешвои миллат саддарсад дуруст таъкид намуданд: вақти он фаро расидааст, ки ба ҳама гуна ғалатгӯиву ғалатнависӣ хотима бахшем.

Ҳар фарди соҳибзабон бо ҳисси амиқи масъулиятшиносӣ ва дарку эҳсоси баланди ҳувияти миллӣ дар татбиқи амалии ин дастури Ҷаноби Олӣ ва муқаррароти Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бояд худро вазифадор ҳисобад. Дар он ҳолат мо солҳои наздик метавонем, ки якҷоя камбудиҳои ҷойдоштаро дар ин самт бартараф созем.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 24, 2022 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ баррасӣ шуд
Дар панҷ соли оянда дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав расонида шуданд
Ба кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Кӯлоб кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Ҳисор туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим шуданд
Кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятими минтақаи Рашт расонида шуданд
Кумакҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе расонида шуданд
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад