Ба парки мошинҳои Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 30 адад техникаҳои зарурӣ дастрас шуданд
СУҒД, 06.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба парки мошинҳои Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 30 адад техникаҳои зарурӣ дастрас карда шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМ бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Техникаҳои замонавӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон дастрас гардида, бо ин теъдоди техникаҳои парки мошинҳои фурудгоҳ ба 130 адад расид.
3 адад автобус, 4 адад зинаҳои махсус (трап), 2 адад лентаҳои муосир, 2 таҷҳизоти барқӣ барои муҳаррик, 8 адад мошин, 4 таҷҳизот барои бо об таъмин намудани ҳавопаймо ва ғайра харида шудаанд, ки ҳама техникаву таҷҳизоти навтарин маҳсуб мешаванд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 4 январ зимни боздид аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва дар оянда дастрас намудани техникаву таҷҳизоти муосир ба масъулин тавсияҳо дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Абебе Адугна ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд
Самтҳои афзалиятноки татбиқи марҳилаи нави Барномаи БОМКА-11 баррасӣ шуданд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ тақвият меёбад
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ расид






