«БЕДОРИИ МАЪНАВӢ ВА ЗИРАКИИ СИЁСИИ ҶАВОНОН». Дар Хуҷанд таҳти ин унвон конференсия доир шуд

Январь 8, 2023 10:08

ДУШАНБЕ, 08.01. 2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи вилоятии «Бедории маънавӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон» ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ, зиракии сиёсӣ, пешгирии шомилшвии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ бахшида шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд хабар медиҳад.

Зикр гардид, ки 23 декабри соли 2022 Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар дар вазъияте ироа гардид, ки фазои имрӯзаи ҷаҳони муосир хеле мураккаб ва пешгӯинашаванда боқӣ мемонад. Имрӯзҳо ташкилоти экстремистиву террористӣ бо тарзу усули муосири фаъолият ба амнияти кишварҳои ҷаҳон таҳдид доранд ва ҳатто тавонистанд дар аксар маврид ба иҷрои нақшаҳои разилонаи худ муваффақ бошанд.

Зикр шуд, ки Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар ба сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, ба неруи созандаи ҷавонон боварии комил доранд ва иҷрои бисёр вазифаҳои муҳимро ба онҳо бовар мекунанд.

Дар фарҷоми конференсия мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ва ҷавонони фаъол бо сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ аз ҷониби сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода қадршиносӣ шуданд.

АКС: Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд

Январь 8, 2023 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти сиёсати хориҷии Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар ноҳияи Кӯшониён бо фаъолон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ. Ба масоили бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатии кормандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад
Ғолиби Фестивали «Сайри гули лола» Сайфиддин Файзиддинов: «Тоҷикон аз қадимулайём гулпарвар буданд»
Дурнамои ҳамкорӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин баррасӣ гардид
Шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» гардид
Имрӯз ғолибони Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҳавасманд гардонида мешаванд
Ҳайати Тоҷикистон дар Анҷумани XV онкологҳо ва радиологҳои кишварҳои ИДМ ва Авруосиё иштирок намуд
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир» Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ идома дорад
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ҳамоиш доир шуд