Доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хизматчиёни давлатӣ омӯзиши идоравӣ ташкил карда шуд
ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ оид ба шарҳу тавзеҳ ва омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хизматчиёни давлатӣ, кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ ташкил карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ.
Дар ҷамъомад раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Шариф Ҳакимзода ва муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода иштирок намуданд.
Муовини Директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода иброз дошт, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 аз дастоварду пашрафтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдовар шуда, онро заҳмати шабонарӯзӣ ва талоши ҳар фарди ба миллат содиқу софдил ҳисобиданд ва бо боварӣ иброз намуданд, ки дар оянда низ миллати тоҷик бо заҳмату талош ва кӯшишҳои пайвастаи худ давлати моро аз ин ҳам ободу зебо мегардонад».
Сипас Равшан Раҷабзода дар мавзӯи «Шарҳи бахшҳои калидӣ-ҳадафҳои стратегӣ; соҳаҳои иҷтимоӣ; сиёсати дохилии кишвар; масъалаҳои ҳуқуқӣ ва амниятӣ; сиёсати хориҷӣ» ва Шариф Ҳакимзода дар мавзӯи «Вазифаҳои хизмати давлатӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат» сухан намуданд.
Гуфта шуд, ки дар ин Паём даҳҳо пешниҳоду барномаву вазифаҳои муҳим барои рушди бунёдӣ ба миён гузошта шудаанд, ки агар ҳамаи онҳо амалӣ шаванд, сифати рушди мамлакат ва вазъияти зиндагии мардум ба таври ҷиддӣ тағйир меёбад. Аз ин назар, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 яке аз ҷиддитарин паёмҳои солҳои охир ва саршор аз вазифаҳои муҳим буда, татбиқи он метавонад таконбахши рушди ҷумҳурӣ бошад.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






