Ҷинояткорони дар Тоҷикистон пинҳонгардида ба Қазоқистон истирдод карда шуданд
ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз Тоҷикистон ба Қазоқистон 2 нафар мард, ки дар ватанашон ҷиноят содир намудаанд, истирдод карда шуданд. Ҳардуи онҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон.
Аз Тоҷикистон Ирсали О. ва Исабеков Б., ки барои куштор дар ҳолатҳои вазнин бо истифода аз силоҳи оташфишон дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, истирдод шуданд.
Дар идора хабар доданд, ки ҳоло Прокуратураи генералӣ дар доираи муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ фаъолона рушд медиҳад.
Заминаи таъсисшудаи ҳуқуқии байналмилалӣ ва робитаҳои густурда бо шарикони хориҷӣ имкон дод, ки дар соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳамкории зичтар ба роҳ монда шуда, асоси ногузирии ҷазои ҷинояткорон таъмин карда шавад.
Дар маҷмӯъ, соли 2022 давлатҳои хориҷӣ 50 дархости истирдоди афроди мавриди ҷустуҷӯро қонеъ карданд.
Истирдоди боз чанд ҷинояткори хатарнок ба Қазоқистон аз Россия, Қирғизистон, Узбекистон ва Шоҳигарии Баҳрайн низ сурат гирифтааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд






