Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт 54 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гардид

Февраль 1, 2023 20:40

ДУШАНБЕ, 01.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат 54 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи зиёда аз 1,8 миллиард доллари ШМА татбиқ гардида, дар доираи ин маблағ зиёда аз 2227 км роҳ сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар айни замон дар самти роҳу нақлиёти мамлакат 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 10,7 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Аз ин 3 лоиҳа ба маблағи 2,97 милиард сомонӣ пурра ба анҷом расида, дар давраи кафолатӣ қарор доранд.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ иброз дошт, ки соли сипаригардида аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ба маблағи 242 миллиону 279,9 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои мошингард ва иншооти он иҷро гардиданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2023 20:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳавопаймои хатсайри Душанбе–Минск бо маросими анъанавӣ истиқбол гирифта шуд
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид