Дар Душанбе оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирии амалҳои номатлуб, шомил шудан ба гурӯҳҳои тундгарою ифротгаро, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо зимни ҳамоиши ҷумҳуриявии «Тарбияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ-омили пешгирии падидаҳои номатлуби кӯдакону наврасон» баррасӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои кӯдакону наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди ин соҳаи муҳим тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.
Иштирокдорони ҳамоиш дар мавзӯи «Роҳҳои амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»», «Роҳҳои пешгирии шомилшавии кӯдакону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ», «Усулҳои пешгирӣ намудани кӯдакону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ», «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024», «Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар пешгирии савдои одамон» маърӯза намуданд.
Ҳамоиши мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд






