ФУТБОЛ. Аҳтам Назаров фаъолияти худро дар дастаи «Андиҷон»-и Узбекистон идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сарбони дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол Аҳтам Назарови 30-сола, ки дар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ мекард, фаъолияти худро дар бошгоҳи футболи Суперлигаи Узбекистон «Андиҷон» идома медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Аҳтам Назарови пуртаҷриба, ки ҳам дар хати ҳимоя ва ҳам дар нимҳимоя бозӣ мекунад, дар ҳайати «Истиқлол» беш аз 250 бозӣ анҷом додааст. Шартномаи ӯ бо дастаи «Андиҷон» ду сол муҳлат дорад.
Аҳтам Назаров аз соли 2011 дар дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби мамлакат 68 бозӣ анҷом дода, панҷ гол задааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд






