Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи шашуми вазирони кишоварзии Осиёи Марказӣ ба таври маҷозӣ иштирок намуд

Февраль 16, 2023 13:54

ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи шашуми вазирони кишоварзии Осиёи Марказӣ оид ба «Маблағгузорӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулот дар Осиёи Марказӣ» ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода дар ҷараёни ҷаласа оид ба имконоти истеҳсоливу содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ибрози андеша намуд.

Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур пешбурди кор дар самти сармоягузорӣ ба рушди соҳаи кишоварзӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадами мамлакатҳо, истифодаи самараноки замину об ва истеҳсоли зиёди маҳсулот, пешгирии тағйирёбии иқлим, ба он мувофиқ намудани зироат ва ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ

Февраль 16, 2023 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад