Оқибатҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар фурсати кӯтоҳтарин бартараф карда мешаванд

Февраль 21, 2023 11:57

ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 20 феврал бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дод. Сарвазири мамлакатро дар ин сафар роҳбарони якчанд вазорату кумитаҳо ҳамроҳӣ намуданд. Гурӯҳи корӣ аввал аз мавзеи фаромадани тарма дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ дидан намуд.

Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар маҳаллаи мазкур Сарвазири мамлакат бо оилаҳои аз офати табиӣ зарардида мулоқот намуда, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали сар задани ин офати табиӣ дар фикри мардум буда, алаккай сару либос, рахти хоб ва маводи ғизоӣ барои ин оилаҳо тавассути мошинҳо ба самти вилоят ҳаракат доранд. Таъкид гардид, ки ягон оилаи зарардида аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат дар канор намонда, барои дар фурсати кӯтоҳтарин ҷуброн ва барқарор кардани ин зарар тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо вазъи саломати шахсоне, ки дар натиҷаи фаромадани тарма осеби ҷисмонӣ бардошта, ҳоло дар касалхонаҳои ҳудуди шаҳри Хоруғ қарор доранд, шинос шуд. Таъкид карда шуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табобати саривақтӣ ва босифати ҳар шахси осебдида ба сохторҳои дахлдор дастурҳои мушаххас додаанд ва барои таъмини онҳо бо маводи зарурии доруворӣ чораҷӯӣ шудааст.

Сипас, Сарвазири мамлакат бо роҳбарону фаъолони вилояту шаҳри Хоруғ ва оилаҳои зарардида ва онҳое, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ наздикони худро аз даст додаанд, вохӯрӣ анҷом дод.

Гуфта шуд, ки аз лаҳзаҳои аввали сар задани офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъиятро таҳти назорат қарор дода, бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат тамоми имконият ва воситаҳои зарурӣ ҷиҳати расондани кумак ба сокинони зарардида ва бартараф намудани оқибатҳои фалокатбори офати табиӣ сафарбар гардиданд. Хисороти молие, ки дар натиҷаи фаромадани офати табиӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба қайд гирифта шуд, дар фурсати хеле кӯтоҳ барқарор карда мешавад. Бо такя ба таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат иброз намуд, ки бо назардошти минтақаи кӯҳистон будани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳатман бояд дар инҷо миқдори муайяни маводи озуқаворӣ, сӯзишворӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал захира бошад.

Вобаста ба нафароне, ки хонаҳояшон зарар дидаанд, иттилоъ дода шуд, ки бархе аз онҳо дар айни замон дар хонаҳои хешону наздиконашон ҷо дода шуда, қисмати дигарашон дар меҳмонхонаҳо бо ҷойи муваққатии зист таъмин гардидаанд. Илова гардид, ки бо сабаби тез-тез фаромадани тармаҳои калонҳаҷм дар шаҳру ноҳияҳои Бадахшон бар асари бориши беисти барфу борон хати интиқоли оби ошомиданӣ аз мавзеи Боғевдара зарар дида, давоми ду шабонарӯз сокинони шаҳр мушкилии норасоии обро эҳсос карданд. Ҳамзамон ба хатҳои интиқоли неруи барқ низ зарари ҷиддӣ расида, неруи барқ муваққатан қатъ карда шуд. Дар айни замон тамоми маҳаллаҳои шаҳр ба неруи барқ ва оби ошомиданӣ дастрасии пурра дошта, дар ин самт ягон мушкилӣ мавҷуд нест.

Аз ҷониби Сарвазири мамлакат дастур дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат он шаҳрвандоне, ки дар хонаҳои наздикону хешонашон ҷо ба ҷо шудаанд, бо ҷойи муваққатии зист таъмин карда, хӯрокашонро низ сари вақт таъмин намоянд.

Ҷиҳати барқарор намудани хонаҳои зарардида баён гардид, ки барои ҷо ба ҷо намудани соҳибони хонаҳое, ки пурра вайрон гардидаанд, тадбирҳои амалӣ андешида шуда, барои хонаҳое, ки имконияти барқарор кардан доранд, масолеҳи сохтмонии зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда мешавад.

Ба роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар ин мавзеъ дигар барои сохтмон набояд иҷозат дода шавад, зеро он маҳали зери хавфи офати табиӣ аст ва дер ё зуд боз дар ин ҷо сар задани ягон офати табиӣ аз эҳтимол дур нест.

Сарвазири мамлакат ҳамчунин аз хусуси зарар дидани муассисаҳои таълимиву тандурустӣ пурсон шуд. Дар ин маврид роҳбарияти вилоят иттилоъ доданд, ки хушбахтона, бар асари офатҳои табиии рухдода ягон муассисаи таълимиву тандурустӣ хисороти ҷиддӣ набардоштааст. Танҳо дар деҳаи Тавдеми Ҷамоати деҳоти Қурбоншоҳ Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа се синфхона осеб дидааст. Бинои мактаб ҳанӯз соли 1940 сохта шуда, кӯҳна мебошад.

Сарвазири мамлакат ба аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба баҳодиҳӣ ба оқибатҳои офати табиӣ ва бартарафсозии онҳо супориш дод, ки вазъиятро ҳаматарафа таҳлил намуда, ахбори мушаххасу муфассалро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Дар навбати худ сокиноне, ки бар асари тармафароӣ дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ манзилҳои истиқоматиашон хароб гардидаанд, ҷиҳати кумакҳои саривақтӣ ба роҳбарияти олии мамлакат, шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Февраль 21, 2023 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид