ҲУШДОР! Хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ то 12 феврал боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 09.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии мамлакат то 12 феврал боқӣ мемонад. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки дар роҳҳои мошингарди Душанбе — Хуҷанд, Душанбе — Рашт, Душанбе — Сангвор, Душанбе — Лахш, Кӯлоб — Дарвоз, Ванҷ — Хоруғ, Хоруғ — Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб эҳтиёткор бошанд ва агар зарур набошад, аз сафар худдорӣ намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ба иттилои манбаъ, 7 феврал дар километри 65 – уми роҳи Душанбе-Варзоб, ки аз тариқи Майхӯра ва Ҳушёрӣ мегузарад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Бо мақсади сари вақт бартараф намудани пайомадҳои ин офат техникаи махсуси ширкати роҳи Innovative Road Solutions (IRS) ҷалб карда шуд.
Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон ва меҳмонони мамлакат бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои тармахезу сангрез худдорӣ намоянд ва ё сафарҳои безарурати худро муваққатан то беҳ шудани вазъ қатъ кунанд.
Кумита ҳамзамон ба ронандагон тавсия медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд. Бахусус риояи фосила байни мошинҳо гарави аслии амнияту бехатарии ронандагон ва ҳамсафарони онҳост.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияи Ёвон шинос шуданд
АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Ёде аз хизматҳои намоёни арбоби давлатӣ ва ҳуқуқшиноси варзида Ҳомиддин Шарифов
Сафари Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз шуд
Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд






