Ба Тоҷикистон соли 2022 зиёда аз 10 миллион воя ваксина ворид карда шуд

Март 11, 2023 10:03

ДУШАНБЕ, 11.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Барои пешгирии сирояти COVID-19 соли 2022 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 миллиону 12 ҳазору 360 воя ваксинаи Модерна, Файзер, Астра Зенека ва КоронаВак ворид карда шуд. Дар мамлакат то 15 феврали соли равон зиёда аз 5 миллион нафар (98,9%) бар зидди COVID-19 эм карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ. 

Тавре аз Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар доданд, аз 18 феврали соли 2021 то ҳол дар Тоҷикистон ягон мавриди мубталошавӣ ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҷумҳурӣ раванди ваксинатсияи иловагии (бустер) 3 ва 4 ҷараён дорад. Яъне, бори  якуми ваксина гузаронидан  бадан бо вирус «шинос» мегардад. Дар ҳолати такроран ваксина кардан дар организм якбора миқдори зиёди подтанҳо пайдо  шуда, масуният пурқувват мешавад. Ин масуният то 6 моҳ қобилияти мубориза бурдан бо бемориро дорад. Пас аз 6 моҳ масуният паст мегардад ва дар ин ҳалат зарурати гузаронидани реваксинатсия ба миён меояд.  Маҳз ваксинатсия масунияти одамро қавӣ намуда, ба ӯ кумак менамояд, ки бар зидди ҳар гуна вирус ва бемории сироятӣ мубориза барад.

«Дар ҳолати напазируфтан ё қабул накардани ваксина инсон ба оқибатҳои хатарнок дучор мегардад, ки мо ин ҳолатҳоро дар лаҳзаи паҳншавии беморӣ аз сар гузаронидем. Бадани шахсоне, ки эм карда нашудаанд, бар зидди беморӣ муқовимат карда наметавонад. Шумораи зиёди бемориҳо тавассути ваксина пешгирӣ карда мешаванд, аз ҷумла ваксинаи зидди бемории фалаҷ, сил, гепатитҳо ва дигар бемориҳои сироятӣ. Ваксинаи COVID-19 одамонро аз ҳолати вазнин гузаронидани ин беморӣ, шакли музмин ва ҳатто фавт эмин нигоҳ медорад», -афзуд манбаъ.

Гуфта шуд, ки тамоми ваксинаҳои ба ҷумҳурии мо воридшаванда таҳти назорати Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2023 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст