Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе дастархони идона ороста шуд

Март 31, 2023 14:18

ДУШАНБЕ, 31.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар доираи татбиқи сиёсати ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу – ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пуштибонӣ аз ташаббусҳои хайрхоҳонаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» Маҳмудҷон Муродов дар мактаб-интернатҳои пойтахт барои 1041 тарбиятгиранда дастархон ороста, ба 420 омӯзгор, мураббия ва дигар корманд кумаки пулӣ расонид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ҶДММ «Сарманзил» иттилоъ доданд.

Аз ҷумла, дар Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор барои 500 нафар дастархони идона ороста шуда, 140 корманд бо кумаки пулӣ ҳавасманд гардид. Ҳамчунин ба муассисаи мазкур ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ маводи гигиенӣ тақдим карда шуд. Дар чорабинӣ тазаккур дода шуд, ки дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ва аёдати онҳо дар арафаи иду ҷашнҳо ҷиҳати беҳдошти шароити иҷтимоии маъюбону бепарасторон дар мамлакат ба анъана даромадааст. Ба ғамхорӣ фаро гирифтани табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар ин раванд тадбирҳои судбахш амалӣ карда мешаванд.

Инчунин барои 106 тарбиятгиранда дар Мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №2 зиёфат дода шуда, ба 55 корманд маблағи пулӣ тақдим гардид. Иброз карда шуд, ки дар партави сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳсозии вазъи иҷтимоӣ ва болидаруҳии бошандагон пайваста аз рӯи дархост нақшаи чорабиниҳо амалӣ карда мешавад.

Дар доираи иқдоми мазкур дар Мактаб-интернати ёрирасони №3 43 корманд бо кумакпулӣ ҳавасманд гардида, барои 102 тарбиятгиранда дастархон ороста шуд. Таъкид гардид, ки тадбирҳои неки беҳдоштӣ дар доираи сиёсати башардӯстонаи Сарвари давлат амалӣ карда мешаванд ва чун намунаи ибрат дар асоси он бо дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ шароити иҷтимоии бошандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо дар мамлакат боз ҳам беҳтар мешавад.

Ҳамзамон барои 70 тарбиятгирандаи Мактаб-интернати №4 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дастархон ороста шуда, ба 54 корманди ин муассиса маблағи пулӣ тақдим гардид. Гуфта шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд.

Дар Мактаб-интернати №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд барои 186 нафар дастархон ороста, 68 корманд бо кумакпулӣ ҳавасманд гардонида шуд. Тазаккур дода шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ шароити таҳсил ва будубоши тарбиятгирандагон дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар карда мешавад. Ҷавонону наврасони ятим худро ҳаргиз бесаробон ҳис накарда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиши мамлакат илму ҳунар омӯхта, дар шукуфоии аз ин ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо мегузоранд.

Инчунин дастархони идона барои 77 тарбиятгирандаи Хонаи кӯдакони синни томактабии №1 ороста шуда, ба 60 корманди он маблағи пулӣ дода шуд. Иброз гардид, ки бунёду навсозии мактаб-интернатҳо ва фароҳам овардани шароити замонавии зист ва таҳсил барои ятимону бепарасторон намунаи олии дастгириҳои доимии Роҳбари давлат дониста мешавад.

Март 31, 2023 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Женева ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил шуд
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПЕШВОИ НАВРӮЗ». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ҷашни Наврӯз истиқбол гирифта шуд
Тоҷикон Наврӯзро аз замонҳои қадим бо дилу нияти нек, яъне бо ботини тоза истиқбол мегирифтанд
Ҳамоиши наврӯзии «Корвони шодӣ» ба мардум шодиву нишоти беандоза бахшид
Дар Истаравшан ҷашни Наврӯз бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҷлил гардид
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
Дар Кумитаи телевизион ва радио ҷашни байналмилалии Наврӯз бо риояи расму оинҳои хосса таҷлил гардид
Дар Суғд мусобиқаи пойга ва бузкашӣ баргузор шуд
Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо барномаи рангини ҳунарӣ таҷлил гардид
Наврӯз ба унвони аввалин рӯзи офариниши табиат ёдгор аз таърихи куҳани мардуми тоҷик аст