Байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва «China Road and Bridge Corporation» ба маблағи 31,2 миллион доллар қарордод ба имзо расид

Март 28, 2023 13:52

ДУШАНБЕ, 28.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон  ва ширкати чинии «China Road and Bridge Corporation»  дар доираи марҳилаи чоруми Лоиҳаи  «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)» оид ба сохтмони роҳҳову пулҳо дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарордод ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони як пул аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр, воқеъ дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ бо сохтмони роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 километр ва дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон  бунёди роҳи мошингард бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони долони зиддитармавӣ (бо дарозии  550 метр ) ва пул (бо дарозии 82,3 метр) пешбинӣ шудааст.

Санади мазкур дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар кардани инфрасохтори нақлиётӣ дар шаҳри Хоруғ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба имзо расонида шуд.

Зимни ба имзо расонидани қарордод иброз гардид, ки корҳои сохтмонӣ бояд босифат, дар муҳлати муайяншуда, тибқи талабот ва меъёрҳои амалкунанда иҷро карда шаванд. Ба кори сохтмон бояд техникаҳои муосири пуриқтидор ва мутахассисони ботаҷриба ҷалб гарданд. Арзиши умумии лоиҳа 31,2  доллари америкоиро ташкил дода, муҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ 30 моҳ аз рӯзи оғози сохтмон муқаррар гардидааст.

Назорати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи мазкур ба зиммаи роҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои назди вазорат ва ширкати муштараки машваратии «ISAN Corporation + M50 Cоnsulting Group LLP» вогузор карда шудааст.

 АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 28, 2023 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт