ФУТБОЛ. Дастаҳои «Хуҷанд» ва «Ҳосилот» ба финали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023 роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 13.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12 март дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023 ба анҷом расиданд. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи низомномаи мусобиқа, ду даста аз се зинаи аввали гурӯҳҳо бо нишондиҳандаи беҳтар дар финал бозӣ мекунанд. Дастаи сеюми зинаи аввал бо як даста аз се зинаҳои дуюм бо нишондиҳандаи беҳтар барои ишғоли зинаи сеюми мусобиқа вомехӯрад.
Чун дар гурӯҳи «А» 4 даста ҳасту дар гурӯҳҳои «Б» ва «В» сетоӣ, тибқи муқаррарот, барои тақсими одилонаи гурӯҳҳо дар гурӯҳи «А» зимни ҳисоб холҳои касбкарда ба муқобили дастаи охирини гурӯҳ ба инобат гирифта намешавад.
Ҳамин тариқ, дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 6 хол (мусовӣ ба муқобили дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳисоб гирифта намешавад) ва дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо 6 хол дар финал рақобат мекунанд. Ғолиби гурӯҳи «В» дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо беҳтарин даста дар байни зинаҳои дуюм- дастаҳои «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, ки бо 4 хол дар зинаи дуюм аст, барои ишғоли зинаи сеюм мубориза мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои ниҳоии мусобиқаи Ҷоми ЛФТ-2023 15 март соати 10:00 (бозӣ барои ҷои сеюм) ва 14:00 (финал) баргузор мегарданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид






