Моҳи апрел Президенти Туркманистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад
ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи апрел соли равон Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Масъалаи омодагӣ ба сафари мазкур 8 март дар шаҳри Душанбе зимни музокироти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркманистонро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ намуда, доир ба ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.
«Диққати махсус ба ҷараёни омодагӣ ба сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар нимаи аввали моҳи апрели соли 2023 пешбинӣ шудааст, зоҳир карда шуд», — омадааст дар хабари вазорат.

Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Аралро, ки моҳи сентябри соли 2023 дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Хотиррасон мешавем, ки нимаи дуюми рӯзи 8 март муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон/манбаъҳои боз








Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ мулоқот намуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» дар Вена иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Пешвои миллат нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд
Дар шаҳри Уфа 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод дар САҲА муррафӣ гардид
Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд






